Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи як маргталаб дар Ироқ 15 кушта бар ҷой гузошт


Дар натиҷаи ҳамлаи як маргталаб ба постгоҳи пулис дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ 15 нафар ҷон дода, 45 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба огаҳии мақомот, ҳамлагар мошини боркаши пур аз сӯзишвориро таркондааст. Се кушташуда корманди пулис буда, боқӣ сокинони осоиштаанд.

То ҳол масъулияти ин ҳамларо гуруҳе ба зимма нагирифтааст. Вале ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Мавсили Ироқ, ки ҳоло дар муҳосираи нерӯҳои ҳукуматӣ қарор доранд, дар гузашта борҳо ҳамлаҳои ҳамсонро анҷом додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG