Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати дигарбораи мухолифон ба тазоҳурот дар Минск


Маъмурони пулиси Белорус рӯзи 25-уми март тазоҳуротро бо зӯр пароканда карданд.

Баъди боздошт ва латукӯби тазоҳургарон дар шаҳри Минск, мухолифони давлати Белорус аз тарафдоронашон даъват кардаанд, ки дигарбора ба тазоҳурот бароянд. Фаъолони мухолифон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум хостаанд, рӯзи 26-уми март баъди нисфирӯзӣ дар майдони Октябр дар шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Белорус ҷамъ шаванд.

Татяна Ревяко, узви созмони ҳомии ҳуқуқ бо номи Весна гуфт, рӯзи 25-уми март маъмурони пулис 700 нафар аз тазоҳургарони зидди ҳукуматиро дастгир кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз боздоштшудаҳоро латукӯб кардаанд ва онҳо ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ доранд. Иттиҳодияи хабарнигорони Белорус мегӯяд, 20 хабарнигор низ дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи Татяна Ревяко аксари боздоштшудагонро субҳи 26-уми март озод кардаанд, вале маълум нест, чанд нафар дар боздоштгоҳ мондаанд. Иттиҳодияи Аврупо ва ҳукумати Амрико аз мақомоти Белорус хостанд, ки тазоҳургаронро раҳо кунад.

Мардум дар Минск ба зидди қонун ба ном дар бораи “муфтхӯрӣ” эътироз доштанд, ки бар асоси он бояд афроде, ки дар як сол камтар аз 6 моҳ кор мекунанд, бештар аз 200 доллар молиёти “бекорӣ” пардозанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG