Пайвандҳои дастрасӣ

Сенат барои пазириши Черногория ба НАТО овоз медиҳад


Подгоритса

Сенати Амрико ҳафтаи оянда дар масъалаи пазириши Черногория (Монтенегро) ба узвияти паймони НАТО овоз медиҳад. Ин хабар дар ҳолест, ки маъмурияти президент Доналд Трамп аз аъзои маҷлис тақозо карда буд, ки барои пазириши ин кишвари балканӣ ба узвияти паймони низомии НАТО иқдом кунанд. Дар номаи вазири хориҷа Рекс Тиллерсон аз рӯзи 21 март гуфта шуд, ки пазиришии Черногория ба узвияти НАТО “ба манфиати ИМА” хоҳад буд. Барои ба узвияти НАТО пазируфта шудани кишвари нав ҳатман бояд тамоми 27 узви ин паймон раъйи мусбат диҳанд. Ҳанӯз чор кишвар бо узвияти Черногория, як кишвари иборат аз 650 ҳазор ҷамъият ризоият надодаанд. Ин дар ҳолест, ки се сенатори ҷумҳурихоҳ мухолифи пазириши Черногория баромад карда гуфтаанд, ки ин кишвар на аз назари молӣ ва на аз назари низомӣ тавони ҳимоят аз манфиатҳои Амрикоро нахоҳад дошт. Интизор меравад, ки овоздиҳӣ аз рӯи ин масъала рӯзи 27 март баргузор шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG