Пайвандҳои дастрасӣ

Размоиши низомӣ бо ҳузури 40 ҳазор нафар дар Тоҷикистон


Дар ҳафт размоишгоҳи воқеъ дар қаламрави вилояти Хатлон тамрини густардаи нерӯҳои Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Фаридун Маҳмадализода, сӯхангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 23 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, размоиши рӯзҳои 27-30 март нақшавӣ буда, ҳар сол доир мешавад. "Артиш бояд хотирҷамъ нашинад, балки ҳамеша омода бошад", - гуфт ӯ.

Ҳадафи аслии ин машқҳо мубориза алайҳи терроризм ва андешидани чораҳои амалӣ барои муқобила дар ҳолатҳои зарурӣ алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор унвон мешавад. Ба қавли Фаридун Маҳмадализода, тамрин дар размоишгоҳҳои “Лоҳур”, “Сумбула”, “Мумирак”, “Ҳарбмайдон”, “Ҳалқаёр”, “Фахробод” ва “Лоҳур” сурат гирифта, дар ҷараёни он беш аз 40 ҳазор сарбозу афсар ва нерӯҳои захиравӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ иштирок хоҳанд кард. Интизор меравад, дар марҳилаи ниҳоии ин машқҳои низомӣ аз техникаву муҳимоти ҷангӣ, зиреҳпӯш ва ҷангандаҳо низ истифода шавад.

Абуносир Шарифзода, коршиноси тоҷик, мегӯяд, таҳаввулоти ахир дар минтақа, ба хусус ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар манотиқи шимоли Афғонистон, зарурати андешидани чораҳои зиддитерористӣ аз ҷониби Тоҷикистонро бештар мекунад. Ҳарчанд ба гуфтаи Шарифзода, размоиши густурдае, ки дар назар аст, барномарезишуда мебошад, аммо мавзӯи таъмини суботу амният дар Тоҷикистон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои қудратии ин кишвар маҳсуб меёбад.

Ҳамин тавр, ин нахустин размоиши фарогир дар соли ҷорӣ хоҳад буд, ки ҳама сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва нерӯҳои захиравӣ ва намояндагони мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷануби кишварро ба по мехезонад. Дар ду соли гузашта чунин размоишҳои фарогир дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи шаҳри Душанбе доир шуда буд.

Тоҷикистон дар ҷанубу шарқи кишвар бо манотиқи шимоли Афғонистон дар тӯли 1300 километр марзи муштарак дорад ва дар ин авохир аз фаъол шудани гурӯҳҳои Толибону “Давлати исломӣ” ва хатару таҳдидҳо аз он сӯи марз хабарҳо мерасад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG