Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоиши навбатии мушакии Кореяи Шимолӣ ноком шуд


Акс аз бойгонӣ аст
Акс аз бойгонӣ аст

Дар фосилаи камтар аз ду ҳафтаи баъди эълони ин ки барномаи рушди мушакҳои Кореяи Шимолӣ ба пешрафт ноил шудааст, ба иттилои мақомоти ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ, рӯзи 22 март як мушаки партофтаи Пхенян ноком шуд. Ҳафтаҳои охир Пхенян бо чандин озмоиши аслиҳааш бонги изтиробро дар минтақа баланд кард. Ҷозеф Юн, фиристодаи ИМА дар умури сиёсии Кореяи Шимолӣ рӯзи 22 март дар Сеул бо ҳамкораш аз Кореяи Ҷанубӣ Ким Ҳонг Кюн дидор кард. Кореяи Шимолӣ бо сабаби роҳандозии барномаи силоҳҳои ҳастаӣ ва баллистикиаш мавриди таҳрими СММ қарор дорад. Партоби мушаке рӯзи 22 март аз наздикиҳои шарҳи Вонсан дар соҳилҳои шарқии Кореяи Шимолӣ сурат гирифт. Соли гузашта ҳам чандин озмоиши силоҳҳои миёнапарвози мушакӣ маҳз аз ҳамин минтақа сурат гирифтааст.

Фармондеҳ Дейв Бенҳам, сухангӯи фармондеҳии нирӯҳои амрикоӣ дар уқёнуси Ором бо пахши изҳороте гуфт, онҳо як кӯшиши нокомшудаи партоби мушакеро ба қайд гирифтаанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “баъди чанд сонияи ба ҳаво рафтани мушак он инфиҷор кард”. Низомиёни Кореяи Ҷанубӣ ҳам инро тасдиқ карданд. Маълум нест, ки ин чӣ навъи мушак буд. Рӯзи 6 март ва ҳам дар оғози ҳафтаи ҷорӣ Пхенян чор мушаки баллистикиашро озмоиш кард ва раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ин ҳодисаро ҳамчун “таваллуди нави саноати мушакии” кишвараш ситоиш кард.

Аз оғози соли 2016 Кореяи Шимолӣ бо анҷоми ду озмоиши ҳастаӣ ва як силсила озмоишҳои дигари мушакӣ қатъноми СММ-ро нақз кардааст. Ин кишвар мехоҳад мушакҳои дурпарвози дорои кулоҳакҳои ҳастаӣ бисозад, ки тавони расидан ба қаламрави ИМА-ро дошта бошанд. Рӯзи 17 март вазири хориҷаи Амрико Рекс Тиллерсон гуфт, ки тоқати таҳаммули барномаи таслеҳотии Кореяи Шимолӣ дигар тамом шуд. Вай гуфт, ки дар сурати таҳдиди Кореяи Шимолӣ ба ИМА ва ё Кореяи Ҷанубӣ, ҳама гуна амалкард дар нисбати ин кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG