Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоте роҳи шустушӯи 20 миллиард долларро аз Русия фош кард


Гузориши нави таҳқиқотӣ роҳи шустушӯи 20 миллиард доллар пулеро, ки дар фосилаи солҳои 2010 то 2014 аз Русия берун бурда шудаанд, бо ҷузъиёташ фош мекунад. Ин ҷузъиёт ахиран дар гузорише бо исми рамзии “The Global Laundromat” (“Пулшӯӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ”) аз ҷониби Барномаи таҳқиқи ҷиноятҳои созмонёфта ва фасод (OCCRP) нашр шудааст. Дар ин гузориш иртиботи миёни шаҳрвандони Русия бо ҳукумат ва хадамоти амниятии ин кишвар фош шудааст. Гузориш мегӯяд, ки баъзе маблағҳо аз роҳи тақаллуб ва фасод аз ҳисоби шартномаҳои давлатӣ ва ё ғорати андозу гумрук берун бурда шудаанд. Дар ин таҳқиқот ҳудудан 70 ҳазор мавридҳои шубҳаноки интиқоли пул аз Русия ба 96 давлати ҷаҳон ва сурат-ҳисобҳои ширкатҳои сохта санҷида шудааст. Як бахше аз ин нақшаи пулшӯиро шаҳрвандони Молдова иҷро кардаанд.

XS
SM
MD
LG