Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаага ба баррасии аризаи бозбинии раҳбарони собиқи Босния шурӯъ мекунад


Ядранко Прлич
Ядранко Прлич

Дар Гаага (Ҳейг) додгоҳи таҷдиди назаре ба баррасии аризаи собиқ раҳбари хорватҳои Босния Ядранко Прлич ва панҷ нафари дигар шурӯъ мекунад. Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангии СММ, ки дар шаҳри Гаага ҷойгир аст, соли 2013 ин нафаронро барои ҷиноятҳое, ки дар солҳои 1992 то 1995 дар ҷанги Боснияву Ҳерсоговина содир шудаанд, ба мӯҳлатҳои аз 10 то 25 соли зиндон маҳкум кард. Интизор меравад, ки додгоҳ имрӯз шурӯъ шуда, то як ҳафта идома кунад. Прличи ҳоло 57-сола барои куштор ва ихроҷи мусалмонон дар ҳодисаҳои солҳои 1990-ум ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ӯ дар ҳудуди як кишвари эътирофнашудае бо номи Ҳерсег-Босна, ки солҳои 1991 то 1994 арзи ҳастӣ кардааст, дар мақоми президент ва баъдан нахуствазир кор кардааст. Дар миёни онҳое, ки талаби бознигарӣ шудани ҳукмҳои худро кардаанд, вазири собиқи дифоъ Бруно Стоич ва чор афсари баландпояи дигар, аз ҷумла Слободан Праляк, Миливой Петкович, Валентин Чорич ва Берислав Пушич мебошанд. Дар ҳукми додрас соли 2013 таъкид шуд, ки ин нафарон гурӯҳи ҷиноӣ ташкил карда Хорватияро раҳбарӣ карданд ва ба ҳамин хотир ҳам ҳукмҳои сангин гирифтаанд. Маҳкумшудаҳо бо ин иттиҳом розӣ нестанд ва мехоҳанд, ки додгоҳи нав ҳукми онҳоро бозбинӣ кунад. Интизор меравад, ки ҳукми нав то моҳи ноябри имсол содир шавад.

XS
SM
MD
LG