Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли арӯс дар рӯзи сеюми баъди тӯй


Полиси Покистон марди ҷавонеро боздошт кард, ки дар қатли ҳамсари ҷавонаш муттаҳам мешавад. Ин ҳодиса дар шаҳри шарқии Лоҳур рух додааст. Полиси калон Зулфиқор Бутт гуфт, ки сокини маҳаллӣ Умар Танвир қатли ҳамсараш Ҳироро дар рӯзи сеюми баъди арӯсӣ эътироф кардааст. Ба гуфтаи Бутт, мард гуфтааст, ки зери фишори хонавода розӣ шудааст хеши наздикаш Ҳироро ба занӣ гирад, вале дар дил ишқи духтари дигареро доштааст, ки дар Дубай зиндагӣ мекунад. Рӯзи сеюми баъди арӯсӣ мард ҳамсарашро бо истифода аз болишт хафа карда куштааст. Ин ҳодиса баъди он ба полис маълум шуд, ки падари арӯс осори марги маҷбуриро дар рӯю гулӯи духтараш пайдо кардааст. Домод аввал ба гуноҳи худ иқрор нашуда, вале баъдан тамоми тафсилоти ҳодисаро дар полиси ҷиноӣ нақл кардааст.

XS
SM
MD
LG