Вакилони порлумони Қирғизистон Рискелдӣ Момбеков ва Евгения Строкова ҳарфҳои президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар бораи изҳороти Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон танқид карданд. Отамбоев пештар аз ин Қазоқистонро айбдор кард, ки соли 2010 Қирғизистонро муҳосира карда буд ва ин муҳосира "боиси талафоти одамон" шуд.
Моҳи феврали соли ҷорӣ Алмосбек Отамбоев дар мусоҳиба бо телевизиони "Евронюс" гуфт, ки Қазоқистон дар талафоти одамон дар ҳудуди Қирғизистон айбдор аст. Зеро соли 2010, замони барканории президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, марзҳояшро ба рӯи ҳамсоякишвар баста буд.
Рӯзи панҷшанбеи гузашта Нурсултон Назарбоев дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон басташавии марзашро дар соли 2010 ба "вазъи номуътадили сиёсии Қирғизистон" рабт дод ва афзуд, чунин тасмим такроран рӯи даст гирифта хоҳад шуд, "агар дубора вазъи Қирғизистон номуътабил гардад".
"Вазъ чунин буд он замон. Табаддулот, президенти қонуниро барканор ва аз кишвар пеш карданд. Ҳамаи зиндониёнро ба озодӣ сар доданд ва ҳамаи онҳо ба кишвари мехостанд биёянд. Мо марзро бастем. Агар дар оянда ҳам ин вазъ такрор шавад, мо дубора ҳамон гуна амал мекунем - марзро мебандем. Кадом давлат марзашро намебандад? Туркия баст, Узбакистону Тоҷикистон ҳам. Ба ҳамин хотир инҷо айби касе нест, сабаб вазъи худи Қирғизистон буд", - гуфт Назарбоев.
Рискелдӣ Момбеков ва Евгения Строкова мегӯянд, ҳарфҳои президенти Қазоқистон ба воқеият созгор нест. "Назарбоевро ё хотирааш аз даст рафтааст ва ё ба вай иттилои ғалат додаанд. Аммо 7 апрел танҳо роҳбарони мухолифин аз зиндон раҳо шуданд, онҳое, ки режими Боқиев пеш аз интиқол зиндонӣ карда буд. Ҷинояткорон ба озодӣ набаромада буданд, аз ҳамин хотир, ин наметавонад муҳосираи Қазоқистонро "сафед" кунад", - мегӯянд вакилон.