Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти 30 ҳазор нафар ба зидди Эрдуғон


Акси Эрдуғон дар майдони Тақсим дар маркази Истанбул
Акси Эрдуғон дар майдони Тақсим дар маркази Истанбул

Тақрибан 30 ҳазор нафар аз тарафдорони курдҳо рӯзи 18-уми март дар шаҳри Франкфурти Олмон ба зидди Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ва раъйпурсии моҳи апрел дар он кишвар тазоҳурот карданд.

Баъзе аз тазоҳургарон Раҷаб Тайиб Эрдуғонро террорист мехонданд ва талаб мекарданд, ки Абдулло Оҷалон, раиси зиндонии Ҳизби мамнӯи коргари Курдистон озод шавад. Туркия, ки бо Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ ҷанҷол дорад, тазоҳурот дар Франкфуртро “ғайриқобили қабул” номид.

Иброҳим Калин, сухангӯи Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо нашри баёнияе гуфт, кишвараш мақомоти Бритониёро барои иҷоза додан ба тазоҳуроти тарафдорони “террористон” маҳкум мекунад.

Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо Ҳизби коргарии Курдистонро ҳизби террористӣ мешуморанд. Ҳадаф аз раъйпурсии моҳи апрел дар Туркия бештар кардани салоҳиятҳои раиси ҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон аст ва дар Олмон 1 миллион 400 ҳазор нафар туркҳои бархурдор аз ҳаққи раъй зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG