Пайвандҳои дастрасӣ

“Арвоҳ” – “Соли 1989 дар Ҳолланд гуфта буданд, ки дар Тоҷикистон ҷанг мешавад” ВИДЕО


Комил Ёдгор

Комил Ёдгор – рассоми маъруфи тоҷик – мегӯяд, ҳар як асари ӯ ба таърих ё хотирае рабт дорад, ки бо забони рангҳо аз гузашта ва ҳозираи одамон қисса мекунад. Ӯ рӯзи 18 март дар намоишгоҳи мусаввараҳояш дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, барои мисол, яке аз расмҳои кашидаи ӯ "Арвоҳ" ном дорад ва ба хабаре марбут аст, ки ҳанӯз соли 1989 дар Ҳолланд шунида буд. Комил Ёдгор гуфт, "ҳамон вақт дар Ҳолланд намоиши асарҳо буд ва дар онҷо гуфтанд, ки дар ватани Шумо ҷанги шаҳрвандӣ мешавад. Бо ин таасурот ба Тоҷикистон омадам ва ин асарро бо номи "Арвоҳ" офаридам, ки ҷанг аз куҷо сар мешавад, кӣ мардуми тоҷикро мепарронад, номаълум аст", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар баробари "Арвоҳ", беш аз сӣ мусаввараи дигари Комил Ёдгор, аз ҷумла "Муҳоҷирати меҳнатӣ" ва "Зиндагии лӯлиҳо" низ дар пойтахт ба намоиш гузошта шудааст. Ин намоишгоҳ рӯзи 15 март дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз шурӯъ шуда, то 25 март идома хоҳад дошт.

Дар канори мардум

Комил Ёдгор баъд аз шурӯи даргириҳои солҳои навадум ба ноҳияи Мастчоҳ рафта, то кунун дар онҷо кору эҷод мекунад. "Дар канори мардум будан сабаб шудааст, ки аксари ин мусаввараҳо зиндагии халқро таҷассум кунанд", - мегӯяд ӯ.

Ин рассоми тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз рӯзҳои аввали муҳоҷир шудани хонаводааш ба дашти Дилварзин ҳам нақл кард ва гуфт, "соли 1958 моро аз кӯҳистон ба даштҳои беоб муҳоҷир карданд. Хонаҳо тайёр набуданд. Бовар кунед, чӣ қадар аз одамон фавтиданд. Рӯзҳое буд, ки даҳҳо нафар аз мардум ба гармӣ тоб наоварда ҷон медоданд. Як қисмашонро то нисфирӯзӣ таҳи хок мекарданд, боқимондаашро барои фардо мемонданд. Ин як даҳшат буд..."

"Субҳи шаҳри бузург"

Асари “Субҳи шаҳри бузург” аз ҳаёти қисме аз занони тоҷик нақл мекунад, ки зиндагии худро субҳ бо рӯбучини кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо оғоз менамоянд. Аммо худи Комил Ёдгор мегӯяд, муқобили он аст, ки бонувон барои мо шаҳрро тоза кунанд. "Маҳз ба ин хотир барои онҳо асари махсуси тасвирӣ офаридам", - шарҳ дод ӯ.

Дар асари "Ғуруб" рассом вазъи занонеро тасвир кардааст, ки баъди ба муҳоҷирати корӣ рафтани ҳамсарони худ тарбияи фарзандонро ба танҳоӣ бар ӯҳда доранд. Комил Ёдгор мегӯяд, "ғуруб, он чи ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои Душанбе, Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар мебинем. Яъне, бонувоне, ки фарзандони худро бо мушкилӣ бо талбандагӣ ба воя мерасонанд. Мардон зану фарзандони худро патофта мераванд."

Ҳаккокии панҷоҳ асар бар девор

Ин рассоми тоҷик гуфт, чанде аз асарҳояш ҷанбаҳои сиёсӣ ҳам доранд. Аз ҷумла, “Нури истиқлол”, ки дар ҳаҷми бузург даромадгоҳи "Кохи Наврӯз"-ро оро додааст ва чаҳор ҳадафи стратегии давлатро таҷассум мекунад. То кунун ҳудуди 50 асари ин рассоми маъруфи тоҷик дар девори биноҳои маъмуриву фарҳангӣ ҳаккокӣ шудаанд.

Комил Ёдгор
Комил Ёдгор

Комил Ёдгори 68-сола дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи рассомии ба номи Сурикови шаҳри Маскавро хатм намудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG