Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳроб Қурбонов дар "Сари Осиё" ба хок супурда шуд


Маросими видоъ бо Сӯҳроб Қурбонов. 11 май
Маросими видоъ бо Сӯҳроб Қурбонов. 11 май

Раиси пешини Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон шоми 10 май аз бемории қалб даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ нимрӯзи 11 май баргузор шуда, ҷасадаш дар гӯристони "Сари Осиё" ба хок супурда шуд.

Сӯҳроб Қурбонов, раҳбари пешини Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон, баъд аз зуҳри 11 май дар гӯристони "Сари Осиё"-и шаҳри Душанбе, дар назди қабри волидонаш, ба хок супурда шуд. Ин рассоми маъруфи тоҷик шоми сешанбе дар синни 70 бар сари сактаи қалбӣ дар бемористон даргузашт. Ӯ моҳҳои охир аз фишори баланд азият мекашид.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки дар маросими видоъ бо Сӯҳроб Қурбонов иштирок дошт, даргузашти ӯро барои халқу миллати тоҷик талафоти бузург донист. Ӯ гуфт, "Сӯҳроб ҳанӯз дар синну соле буд, ки метавонист барои мо боз ҳам асарҳои мондагор биофарад".

Шодӣ Шабдолов
Шодӣ Шабдолов

Шабдолов гуфт, "ҳар кас шоиру нависанда ва рассом шуда наметавонад. Ҳар кас мусиқдону ромишгар низ шуда наметавонад. Сӯҳроб Қурбонов дар кори худ нотакрор буд."​Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, ки Сӯҳроб Қурбонов дар таҳияи ҳама рамзҳои Тоҷикистон иштирок кардааст ва дар ҳамаи онҳо нақши дастони ӯ эҳсос мешавад: "Хуррам он аст, ки дар дафтари покиза зи ҳарф

Сухани хайр кашиду рақами хайр гузошт."

Видоъ бо наққоши бузург
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Сӯҳроб Қурбонов тайи 30 сол раҳбарии Иттиҳоди рассомони Тоҷикистонро бар уҳда дошт ва танҳо моҳи январи соли 2012, дар пайи баҳси давомдории байни ӯ ва як гурӯҳи рассомони тоҷик бар сари молу мулки ин созмони ҷамъиятӣ, аз мақомаш истеъфо дод. Рассомони норозӣ гуфтанд, ки гӯё Қурбонов бо суистифода аз мақом манзилу дороиҳои марбут ба Иттиҳоди рассомонро хусусӣ кардааст.

Баъдан, дар моҳи феврали соли 2012 Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбоновро айбдор кард, ки иморати Хазинаи бадеии ин созмони эҷодиро бо нархи 13 баробар камтар аз қимати бозор фурӯхтааст. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси пешини Оҷонсӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ин бинои сеқабата 790 000 доллар арзиш дошт, вале ҳамагӣ ба 63 000 доллар фурӯхта шудааст.

Аммо Сӯҳроб Қурбонов даъвои ҳамкорон ва иттиҳомот алайҳи худро тавтиа дониста, дар як суҳбати қаблиаш бо Озодӣ чунин бархӯрдро "бахилӣ" номид.

Вай гуфта буд, "мегӯянд, ки ман ҳама чизро фурӯхтам ва ё харидам. Онҳоро аз бекору нолозим истодан харидаву обод кунем, хуб нест магар? Чӣ, ҳоло ҳам СССР ҳаст, ки моро дастгирӣ кунад? Гапи дигарашон ин аст, ки ман се бор ҷоизаи Рӯдакӣ гирифтаму онҳо не. Охир барои ҷоизаи Рӯдакӣ кор кардан даркор, меҳнат кардан даркор. Бо гап задану тӯҳмат карда гаштан мешавад магар? Инҳо барои чӣ аз иттиҳодия дур мегарданд, чунки намехоҳанд андоз супоранд. Аз роҳҳои дигар асарҳояшонро мефурӯшанду дар фикри манфиати худашонанд. Пурсед, ки барои иттиҳодия онҳо чӣ кор кардаанд?"

Сӯҳроб Қурбонов соли 1946 дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар оилаи Усмон Қурбонов - намояндаи Шӯрои олии Тоҷикистони Шӯравӣ ба дунё омадааст. Ӯ дар оғоз Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанберо хатм карда, баъдан таҳсилро дар Донишкадаи давлатии рассомӣ дар Маскав идома додааст.

Аз соли 1971 узви Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон буда, соли 1982 ба раҳбарии ин мақом интихоб шуд ва сӣ сол дар ин мақом кор кардааст. Унвони рассоми халқии Тоҷикистонро дошта, ду бор дар солҳои 1990 ва 1996 ҷоизаи Рӯдакиро соҳиб шудааст. Узви ҳайати давлатӣ барои таҳияи нишони Тоҷикистон ва муаллифи нишони шаҳри Душанбест.

Сӯҳроб Қурбонов инчунин узви фаъоли Академияи бадеии Украина, Русия ва Қирғизистон, профессори фахрии Институти бадеии Шонгҳой ва чанде дигар аз муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ буд.

Ҳоло дар Душанбе "Арт-галереяи Сӯҳроб" дар рӯбарӯи Қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон побарҷост.

XS
SM
MD
LG