Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарб ва фаъолони ҳуқуқи башар ҳабсҳои Беларусро маҳкум карданд


Эътироз дар шаҳри Бобруйски Беларус рӯзи 12 март
Эътироз дар шаҳри Бобруйски Беларус рӯзи 12 март

Ҳукуматҳои ғарбӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мақомоти Беларусро барои саркӯби бесобиқаи эътирозгарони сулҳомез маҳкум карданд. Саркӯби эътирозҳо дар рӯзҳои шанбеву якшанбеи ахир баъди он сурат гирифт, ки сокинону фаъолони норозӣ аз тасмими ҳукумат барои ҷорӣ кардани андоз барои муфтхӯрӣ ба хиёбонҳо рехтанд. Сухангӯи раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Майя Косянчич рӯзи 13 март гуфт, ки “боздошт ва муҷозоти эътирозгарони сулҳомез, аз ҷумла раҳбарони мухолифин бо сиёсати эълонкардаи мақомоти Беларус дар бораи демократикунонии кишвар дар ихтилоф аст”.

Иттиҳодияи Аврупо ба озодсозии билофосилаи ҳама боздоштшудаҳо даъват кард. Дар ҳамин ҳол, созмони Афви байнулмилал гуфт, ки дар миёни 48 боздоштшуда раҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ, журналистони мустақил ва дигар фаъолон мебошанд. Гуноҳи онҳо ин будааст, ки дар рӯзҳои 10 то 12 март дар саросари кишвар намоишҳои ғайримуҷози эътирозӣ баргузор карданд. Ҷон Далҳуйсен, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Афви байнулмилал гуфт, “баъди дар аввал иҷозат додани баргузории эътирози зидди муқаррароти баҳсбарангези муҷозот барои муфтхӯрӣ, мақомот ба одати пешинаи ҳабси эътирозгарон баргаштанд”.

XS
SM
MD
LG