Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Украина даҳҳо фаъолеро боздошт кардааст, ки роҳи тоҷиронро дар қисматҳои шарқии таҳти контроли ҷудоиталабони рӯ ба Русия масдуд карда буданд. Дар ин бора полис ва фаъолон шоми 13 март хабар доданд. Масдудсозии роҳро украиниҳои миллатгаро ва депутатҳои мухолифин ҳанӯз моҳи январ шурӯъ карданд ва бо ин амали худ пеши роҳи таъминоти ангишт ва ҳам нирӯи барқро, ки аз ғарби Украина ба шарқ интиқол мешуд, гирифтанд. Фаъолон гуфтанд, ки ангишт барои ҷудоихоҳон дар мубориза зидди ҳукумати марказӣ истифода мешавад. Хадамоти махсуси Украина - СБУ гуфт, ки дар натиҷаи амалиёте дар манотиқи Торетск, Шербиновка ва Кудрюмовка 43 фаъолро барои он ки нахостанд аз силоҳ даст кашанд, боздошт карданд. Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки 80 нафар боздошт шудааст. Ба нишони эътироз аз ин боздоштҳо, дар шаҳри Киев тахминан 500 нафар ба хиёбонҳо рехтанд. Дар изҳороти онҳо иддао мешавад, ки полис роҳи масдудшударо аз одамон пок карда, онҳоеро, ки нахостанд ин маҳалро тарк кунанд, лату кӯб ва ҳатто боздошт карданд. Хабаргузории ТАСС гуфт, ки аз дасти онҳо силоҳ ва маводи оташфишон ҳам мусодира шудааст. Дар шаҳраки Виннитса эътирозҳо ба хушунат печида, бо талаби озодсозии фаъолон, мошинҳо оташ зада шуданд. Масдудияти роҳро ҳам ҷудоиталабон ва ҳам ҳукумати Украина маҳкум кардаанд.

Видеоҳои охирин

"Мардум аз ҳукмҳои вазнин шикоят доранд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG