Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми мунтақиди Кремл барои бозгашт ба Русия


Владимир Кара-Мурза

Владимир Кара-Мурза, яке аз мунтақидони ҳукумати Русия мегӯяд, қасд дорад ба Русия баргашта ва эътироз ба зидди ҳукумати Владимир Путинро идома диҳад. Владимир Кара-Мурза дар мусоҳиба бо барномаи “60 дақиқа”-и телевизиони CBS –и Амрико гуфт, ки “албатта ба Русия бармегардад.”

Мусоҳиба рӯзи 12-уми март нашр шуд. Ин мунтақиди ҳукумати Русияро дар зарфи ду соли гузашта дар вазъи вазнине бистарӣ карданд ва хешовандону рафиқонаш мегӯянд, ки мумкин аст, ӯро барқасдона заҳролуд карда бошанд.

Владимир Кара-Мурза дар гузашта вакилони амрикоиро ба эъмоли таҳримот ба зидди Русия ташвиқ кардааст. Ӯ яке аз ҳамандеша ва муттафиқони сиёсии Борис Немтсов, аз сиёсатмадорони мухолифи давлати Русия буд, ки ӯро моҳи феврали соли 2015 куштанд.

Ҷон Маккейн, вакили бонуфуз аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико рӯзи 7-уми март дар сенат гуфт, Владимир Кара-Мурзаро “зоҳиран як бори дигар заҳролуд кардаанд, чун ӯ ба эътиқодаш барои муқобила бо худкомагии хатарнок золимона содиқ мондааст”.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG