Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи махсуси ИМА: тамоми ҷангиёни ДИ дар Мавсил "мемиранд"


Бретт МакГурк, фиристодаи махсуси ИМА дар эътилоф, ки бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) дар Мавсили Ироқ мубориза мебарад, гуфт, тамоми ҷангиёни боқимонда дар ин шаҳр аз байн бурда мешаванд.

Фиристодаи махсуси ИМА 12 март замоне ин нуктаро эълом дошт, ки артиши Ироқ аз ишғоли қисмати севуми ғарби Мавсил хабар дод. Нерӯҳои Ироқ шарқи Мавсилро моҳи январи соли равон аз дасти ҷангиён озод карда, тайи чанд ҳафтаи ахир мавзеъҳои худро дар қисми ғарбии шаҳр тақвият мебахшиданд.

"Тамоми ҷангиёни боқимонда дар Мавсил кушта хоҳанд шуд. Мо мехоҳем, онҳоро дар ин шаҳр на танҳо шикаст диҳем, балки нагузорем, ки фирор кунанд", - афзуд МакГурк. ДИ Мавсил - дувумин шаҳри бузурги Ироқро соли 2014 ғасб карда буд.

Расонаҳои ДИ хабар додаанд, ки мудофиаи ин бахши Мавсилро фармондеҳи пешини нерӯҳои таъйиноти вижаи ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов бо наздик ба 400 шаҳрванди Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Амалиёти нерӯҳои ҳукумати Ироқ барои поксозии Мавсил дар якҷоягӣ бо гуруҳҳои мусаллаҳи курди Пешмарга, ҷангиёни қабилаҳои суннимазҳаби араб, ихтиёриҳои шиа ва дастгирии ҳавоии нерӯҳои эътилоф таҳти раҳбарии ИМА моҳи октябри соли 2016 оғоз шуд.

XS
SM
MD
LG