Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ҳамла дар Кобулро маҳкум кард


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 март ба ҳамтои афғонии худ Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар робита ба ҳамлаи маргбори рӯзи 8 март ба як бемористони низомӣ дар Кобул, ки боиси ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо нафар шуд, нома тасаллият фиристодааст. Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст, ки "хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандони кишвари дӯсти Афғонистон бар асари ҳамлаи силоҳбадастон ба бемористони низомӣ дар шаҳри Кобул боиси андуҳ ва нафрати беандозаи мо гардид". Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамлаи интиҳориро маҳкум намуда ва ба зарурати муборизаи дастҷамъонаи алайҳи терроризм ва ифротгароӣ таъкид кардааст.

Субҳи имрӯз, 8 март гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ ба бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довуд дар маркази Кобул ҳамла карданд. Мақомоти афғон эълон карданд, ки дар ин ҳамла 30 нафар кушта ва бештар аз 50 тани дигар захм бардоштаанд. Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

XS
SM
MD
LG