Пайвандҳои дастрасӣ

Элизабет Миллард: Дарди занҳои тоҷикро хуб дарк мекунам


Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе ҳамроҳи як зани тоҷик

Элизабет Миллард – сафири Амрико дар Тоҷикистон – бо нашри гузорише ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон, бонувони кишварро табрик кардааст. Ӯ мегӯяд, дар ин рӯз бояд аз заҳмати занҳое қадрдонӣ шавад, ки "таърихи имрӯзро меофаранд". Ингуна занон, ба қавли сафир, пешоҳангони соҳаи худ ҳастанд ва кореро анҷом додаанд, ки пеш аз онҳо касе анҷом надода буд.

Шумо метавонед ҳаёти на танҳо оилаи худ, балки маҳалли худ ва тамоми ҷомеаро беҳтар кунед.

​"Нақши занҳое, ки дар пешрафти хонаводаву ҷомеа ва иқтисоди кишварашон саҳми арзанда мегузоранд, шояд ноаён бошад", - навиштааст сафир ва афзудааст, "вале шумори онҳо дар Тоҷикистон зиёд аст".

Ӯ гуфтааст, "дар тамоми дунё занон дучори табъиз ҳастанду маоши пасттар мегиранд. Дар Тоҷикистон низ аксари занон дар набудани шавҳарашон бо чунин мушкилҳо дучор меоянд. Ҳамчун зане, ки чанд вақт пеш ҳамсарамро аз даст додаам, дарди он занони танҳоро ман хуб ҳис мекунам ва нисбат ба занони тоҷик эҳтироми хос дорам. Онҳо на танҳо хонаводаашонро саробонӣ мекунанд, балки ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб гардида, ба фарзандонашон имкони хуби таҳсилро фароҳам меоваранд. Ин занон, воқеан, қаҳрамонанд."

Ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, Элизабет Миллард – дипломати собиқадор – баъд аз марги ҳамсараш, бо панҷ фарзанд ва шаш набера мондааст. Ба гуфтаи Миллард, соли 2016 USAID барои беш аз 4 ҳазору 500 зани тоҷик дар соҳаи кишоварзиву соҳибкорӣ давраҳои омӯзишӣ фароҳам овард. Ва ин занҳо, ба қавли ӯ, дар либосдӯзиву ниҳолпарварӣ, сарторошхонаҳои мардона кор карда, зиндагии оилаашонро беҳтар мекунанд ва “Иёлоти Муттаҳида ифтихор дорад, ки ба ин кори онҳо мусоидат менамояд”.

Дар муроҷиат ба занҳои тоҷик ӯ мегӯяд, "Шумо метавонед ҳаёти на танҳо оилаи худ, балки маҳалли худ ва тамоми ҷомеаро беҳтар кунед. Занони тавоно оилаи тавоно барпо мекунанд ва оилаи тавоно роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон ва ҷомеаи шукуфон мебошад."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG