Пайвандҳои дастрасӣ

CIT аз марги боз як сарбози рус дар Сурия хабар дод


Сурия - Сарбозони рус ва гурӯҳи мусиқанавозон дар пасманзари харобаҳои Палимира. 5 марти соли 2017.

Гурӯҳи мустақили таҳқиқотии Conflict Intelligence Team (CIT) дар бораи ҳалокати боз як сарбози рус дар Сурия маълумот пахш кард.

Ба гуфтаи CIT, ин сарбоз Артем Горбунов ном дорад, ки дар бригадаи истихборотии мустақар дар Нижний Новгород хизмат мекард. Ҳамсари Горбунов дар шабакаи иҷтимодии "ВКонтакте" хабар дод, ки шавҳараш рӯзи 2 март дар кимин афтод ва кушта шуд.

Субҳи 6 март дар бораи ҳалокати сарбози дигар бо номи Иван Слышкин хабар пахш шуд. Ба навиштаи сомонаи Znak.com, Слышкин 12 феврал аз тири нишонгир ба ҳалокат расид. Ин сарбоз рӯзи 2 март дар шаҳри Озерски вилояти Челябинск ба хок супурда шуд.

Шабакаи телевизионии РБК бо такя ба дӯстдухтари ин сарбоз ва ҳамхизмати собиқи ӯ мегӯяд, ки Слышкин дар сафи ширкати хусусии низомӣ, бо номи "Вагнер" хизмат мекард, ки сабти ном нашуда буд.

Бар пояи маълумоти расмӣ дар якуним соли амалиёти низомии Русия дар Сурия дастикам 30 сарбози ин кишвар кушта шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG