Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот: Барои ба ихтиёри Бунёди Оғохон гузаштани саҳмияҳои Тселл вақт зарур аст. ВИДЕО


Миндаугас Убартас, мудири ширкати Тселл дар Душанбе. 2 марти соли 2017
Миндаугас Убартас, мудири ширкати Тселл дар Душанбе. 2 марти соли 2017

Мақомоти тоҷик мегӯянд, тасмими аз бозор рафтан ва дар ихтиёри Бунёди Оғохон қарор додани саҳмияҳои ширкати “Теlia” аз назари ҳуқуқӣ ниҳоӣ нашудааст ва барои нуқта гузоштан дар ин муомила ҳанӯз фурсат лозим аст. Ин изҳорот дар ҳолест, ки ширкати мухобиротии “Теlia” гуфтааст, муддати тӯлонист, нияти тарки бозори Тоҷикистонро дорад, вале бо сабабҳои барои онҳо номаълум ин ҷараён вориди бунбаст шудааст.

Сӯҳбати ихтисосӣ бо мудири ширкати Тселл дар инҷост:

Мудири Тселл: Мо ҳама шогирдони бадем?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:01 0:00

“Фурсат лозим аст”

Дар ин миён, ин ширкат аз андозбандии шадид ва афзун будани мизони он назар ба фоида дар бозори Тоҷикистон шикоят карда, аз мақомоти аврупоӣ дархости мудохила кардааст. Ҳанӯз ҷониби Тоҷикистон ба интиқодҳо аз мушкилот дар фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ дар ин кишвар бо сабаби андозбандии баланд посух надодааст. Бархе нозирон мегӯянд, шароити бизнеси хориҷӣ дар Тоҷикистон дар солҳои охир идомаи корро дар ин кишвар номумкин кардааст.

Тирамоҳи соли 2016 сафири Русия «вуҷуди қоидаҳои зуд-зуд ивазшавандаи бозӣ» дар бозори бизнеси Тоҷикистонро дар баробари андозҳои баланд чун монеаи ҷиддии пешбурди кору тиҷорат дар ин кишвар номида буд.

Рӯзи 2 март як масъули Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, барои тасдиқи додугирифти “Теlia” бо AKFED – Созмони рушди иқтисодии Бунёди Оғохон “вақт зарур аст”. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар Оҷонсии зиддинҳисории Тоҷикистон, ки нахост номаш чоп шавад, аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ кард ва танҳо гуфт, “дархости ин ширкат ҳоло дар баррасии раёсати хадамот қарор дорад.”

“Нома аз 30 то 45 рӯз баррасӣ мешавад”

Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон хариду фурӯши саҳмияҳои ширкатҳои дар бозор пештозро ба хотири рушди рақобат ва ҷилавгирӣ аз яккатозии як ширкат дар бозор назорат мекунад. Ин ниҳод ҳақ дорад, дархости хариду фурӯши саҳмияҳоро то 30 рӯз ва дар ҳолатҳои истисноӣ то 45 рӯз баррасӣ кунад.

Бо такя ба ҳамин банди қонунгузории Тоҷикистон Йоҳан Денниленд, президенти ширкати шведии “Telia”, рӯзи 1 март бо навиштани як номаи боз ба унвонии нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва мақомоти дигари баландпоя гуфт, муҳлати тасдиқи фурӯши саҳмияҳо ба AKFED ҳанӯз 29 ноябри соли 2016 ба анҷом расид, аммо Хадамоти зиддинҳисорӣ бидуни “шарҳи возеҳе” ин додуситадро тасдиқ намекунад.

“Ширкат дар ҳолати номуайянӣ мондааст”

Мудирони ширкати мобилии “Tcell” дар Тоҷикистон мегӯянд, тасдиқ нашудани фурӯши саҳмияҳо бидуни ҳеҷ тавзеҳ ширкатро дар як ҳолати номуайянӣ қарор додааст, ки ба фаъолияти минбаъдаи ин ширкат ва пешбурди тарҳҳои рушди он монеа эҷод мекунад.

Лаҳзае аз сӯҳбати Абдулло Ашӯров бо Миндаугас Убартас
Лаҳзае аз сӯҳбати Абдулло Ашӯров бо Миндаугас Убартас

Миндаугас Убартас, раҳбари ширкати “Tcell” дар Тоҷикистон, рӯзи 2март дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, “тибқи маълумоти ман, рӯзи 14 октябри соли гузашта ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба Хадамоти зиддинҳисорӣ супурда шудаанд. Ҳоло дар як вазъияте ҳастем, ки як нафар гуё фурӯхт ва дигарӣ ҳанӯз нахаридааст. Ин давра барои

Торафт бозори Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ ҷаззобияти худро аз даст медиҳад ва Душанбе ҳамчун коршарики ноустувор ҷилва мекунад.

менеҷмент хеле сахт сипарӣ мешавад, чунки ҳеҷ кас мунтазир набуд, ки дар иҷрои ин додугирифт чунин таъхир сурат мегирад. Аз ин рӯ, чунин нома навишта шуд (манзур, номаи бози Йохан Деннилинд ба ҳукуматиТоҷикистон). Мо то ин додугирифт ҳам аз соли 2015 мунтазир будем ки “Telia” аз Тоҷикистон меравад ва саҳмияҳояшро мефурӯшад. Билохира саҳмдори мо Созмони рушди иқтисодии Оғохон гуфт, боқимонда саҳмияҳоро мехарад. Мо албатта ба муштариён хадамоти худро пешкаш мекунем, ҳама барномаҳоямон фаъол аст, аммо ин номуайянӣ рушди ширкатро душвор мекунад ва ин гуна ҳолат набояд ҷой дошта бошад."

Дуним миллиард сармоягузорӣ

Ширкати шведиву финландии “Telia” бо харидани 60 дарсад саҳмияҳои ширкати “Индиго Тоҷикистон” вориди бозори мухобироти Тоҷикистон шуда буд. Ин ширкат ба гуфтаи масъулонаш барои рушди шабакаи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон то ба ҳол 2,5 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ кардаанд.

Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Аммо ширкати “Telia” пас аз моҷарои марбут ба ришват бо Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон, барои роҳ ёфтан ба бозори ин кишвар эълон кард, ки комилан аз кишварҳои Осиёи Миёна берун меравад. Дар ҳоле ки бархе аз нозирон вуҷуди мушкилро дар эҳтимоли ноком шудани як гурӯҳи манфиатдори наздик ба ҳукумат ба харидории саҳҳоми ин ширкат марбут медонанд, нафаре аз мақомоти тоҷик ҳанӯз омода нашудааст, ки роҷеъ ба умқи ин баҳс ва ҳам табиати мушкили ширкати мухобиротӣ сӯҳбат кунад.

Тирамоҳи соли 2016 сафири Русия «вуҷуди қоидаҳои зуд-зуд ивазшавандаи бозӣ» дар бозори бизнеси Тоҷикистонро дар баробари андозҳои баланд чун монеаи ҷиддии пешбурди кору тиҷорат дар ин кишвар номида буд.

“Дипломат” аз мушкили бюрократӣ гуфт

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон

Рӯзи 2 март маҷаллаи амрикоии The Diplomat бо пахши гузориш дар бораи қазияи «Telia» гуфт, «мушкили бюрократӣ» тарки бозор кардани ин ширкатро ба дарозо кашидааст. «Ҳоло маълум нест, кай “Telia” аз нахуствазир посух мегирад ва кай ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди фурӯши саҳмияҳои Tcell тасмим мегирад”, - менависад нашрия. Вале «торафт бозори Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ ҳар чи бештар ҷаззобияти худро аз даст медиҳад ва Душанбе ҳамчун коршарики ноустувор ҷилва мекунад”.

Равшан Саидов – иқтисоддони тоҷик – низ чанд фарзияи худро дар ин маврид пешниҳод кард. Ӯ гуфт, “аввалан фишори Кумитаи андози Тоҷикистон болои ширкатҳои мухобиротӣ бештар шудааст. Дувум, бозори Тоҷикистон чандон бузург нест ва ҳоло бозӣ “барои зинда мондан” ҷараён дорад. Дар ин бозӣ онҳое хоҳанд монд, ки нирӯманд ҳастанд ва имкони молии бештар доранд. Севум, дар робита ба қазияи Тселл. Эҳтимол намехоҳанд Бунёди Оғохон соҳиби сад дарсадии саҳмияҳои ширкати Тселл бошад. Ҳарчанд ин бунёд имконияти рушди ин бахшро дар шароити Тоҷикистон дорад. Ширкатҳои дигар ин вазъиятро назорат доранд ва вобаста ба натиҷаҳои он тасмим хоҳанд гирифт. Фикр мекунам, дар бозори Тоҷикистон як ё ду ширкат боқӣ хоҳанд монд. Дигарон ё аз бозор хориҷ мешаванд ё ба зери қаноти бозигарони бузург мераванд.”

Ширкати мухобиротии шведиву финии “Telia” яке аз моликони ширкати мобилии “Tcell”дар Тоҷикистон аст. Ин ширкат бо харидории 60 дарсад саҳмияҳои ширкати мобилии “Индиго Тоҷикистон” соли 2008 вориди бозори мухобироти Тоҷикистон шуда буд.

XS
SM
MD
LG