Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Путин ба Қирғизистон дар пасманзари таниши баъди боздошти Текебоев


Бишкек - намоиши эътирозӣ дар майдони Ала-Туу, баъди боздошти раҳбари мухолифин Умурбек Текебоев. 27 феврали соли 2017.
Бишкек - намоиши эътирозӣ дар майдони Ала-Туу, баъди боздошти раҳбари мухолифин Умурбек Текебоев. 27 феврали соли 2017.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин сафари ду рӯзаи Осиёи Марказиро рӯзи 28 феврал бо боздид аз Қирғизистон ҷамъбаст мекунад.

Сафар ба Қирғизистон дар пасманзари таниши сиёсии баъди боздошти рӯзи душанбеи Умурбек Текебоев, раҳбари ҳизби оппозитсиюнии "Ота-Макон" ҷараён мегирад.

Ёвари раиси ҷумҳури Русия Юрий Ушаков гуфт, ки бар пояи барномаи сафар, Путин дар Бишкек бо раҳбари Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, равобити дуҷонибаи Бишкеку Маскавро дар бахши сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамчунин масоили марбут ба амнияти минтақаро матраҳ мекунад.

Матбуоти Қирғизистон ҳадс мезанад, ки эҳтимолан Путин авзои Қирғизистонро қабл аз интихоботи моҳи ноябр меомӯзад, ки эътирозҳои оммавӣ дар он солҳои 2005 ва 2010 ду раиси ҷумҳурро аз мақом барканор карданд.

Президенти феълӣ Алмосбек Отамбоев ҳақи иштирок дар интихоботи раёсати ҷумҳурро надорад, аммо ӯ тавонист ба воситаи назархоҳии умумӣ баъзе салоҳиятҳои президентро ба нахуствазир супорад.

Путин рӯзи 27 феврал аз Қазоқистон ва Тоҷикистон боздид кард.

Ӯ дар Тоҷикистон ба аҳамияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави ин кишвар таъкид кард ва гуфт, ки президент Раҳмон розӣ шуд, ки амнияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистони нооромро бо Русия якҷо таҳким диҳанд.

XS
SM
MD
LG