Намояндагони Ҳизби демократ дар Конгресси Амрико эътироз карданд, ки Кохи Сафед барои такзиби тамоси Русия ва намояндагони Доналд Трамп ба FBI ё Бюрои федеролии таҳқиқоти Иёлоти Муттаҳида фишор меорад. Ненси Пласӣ, раҳбари ҷиноҳи Ҳизби демократ дар Конгресс, рӯзи 24 феврал аз Вазорати адлияи Амрико хост, то қонунӣ будани ин дархостро тафтиш кунад.
Бино ба як мақолаи The New York Times аз 14 феврал, бархе аз намояндагони Доналд Трамп ва мақомҳои аршади иттилоотии Русия як сол пеш аз интихобот бо якдигар дар тамос будаанд. Ба навиштаи нашрия, истихбороти Амрико гуфтугӯи намояндагони ситоди Трампро бо мақомоти аршади истихбороти Русия ва мақомдорони дигари ин кишвар дастрас кардааст.
Чанд рӯз пеш Райнс Прибус, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳури Амрико, бо дархости радди ин хабарҳо ба Бюрои федеролии таҳқиқот муроҷиат карда буд. Кохи Сафед ҳам таъйид кард, ки Прибус бо Ҷеймс Комӣ – раиси Бюрои федеролии таҳқиқот ва муовини ӯ дар бораи иртиботи Маскав бо давлати Доналд Трамп гуфтугӯ анҷом додааст.
Ненси Пласӣ гуфт, Прибус бо ин рафтораш натанҳо ба шӯҳрати худ осеб расонд, балки мустақилияти Бюрои федеролии таҳқиқотро низ халалдор кардааст.