Пайвандҳои дастрасӣ

3 млн доллари Русия ба осебдидагони тарма дар Тоҷикистон. ВИДЕО, АКС


Русия ду рӯз қабл аз сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон ба осебдидагони тарма ва барфбории шадид дар кишвар ба ҳайси кумак 40 тонна мавод фиристод. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, рӯзи 25 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ёриҳои башардӯстона аз ғизову хайма, кӯрпаҳои намадӣ ва нерӯгоҳҳои хурди сайёр иборат буда, қимати умумиаш ба 3 миллион доллар мерасад. "Русия нахустин кишваре аст, ки баъд аз даъвати ҳукумати Тоҷикистон чунин кумак расонд. Шумо медонед, муносибатҳои мо бо Тоҷикистон махсус аст - ин муносибати ҳамшарикии стратегӣ аст ва мо дар гузашта, ҳоло ва дар оянда низ кумак мекунем", - таъкид дошт ӯ.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Дар ҳоле ки Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои табиӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак хостааст, маълумот оид ба хароҷоти буҷаи кишвар дар ин маврид аз ҷумлаи маълумоти сиррӣ маҳсуб меёбад.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки ёрӣ ба осебдидагони тарма ва барфбории шадид дар Тоҷикистон бо дастури шахсии Путин сурат гирифтааст. Ирина Воробевская, намояндаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, рӯзи 25 феврал дар фурудгоҳи Душанбе гуфт, "тибқи дархости ҷониби Тоҷикистон ва вазъияти мушкил дар куҳистон мо маводи аз ҳама заруриро овардем. Шарафмандам, ки сертификати ин кумакҳоро ба ҷониби Тоҷикистон месупорам."

Дар пайи барфбории шадид ва фаромадани тарма дар як моҳи охир дар роҳи Душанбе - Хуҷанд, минтақаи Рашт ва вилояти Бадахшон 17 нафар ҷон бохта, чанд тани дигар аз зери тӯдаҳои барф берун оварда шуданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи офати табиӣ ба иқтисоди кишвар зарар расида, даҳҳо маҳалли аҳолиниш дар инзиво мондаанд. Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, қарор шудааст, то сарбозони пойгоҳи ҳарбии 201 низ барои бартараф кардани оқибатҳои ин офати табиӣ сафарбар карда шаванд.

"Ин ҳам ҳам як кумаки бародарона аст ва ҳарбиёни пойгоҳи мо мисли ҳамеша дар шароити душвор ба кумаки Тоҷикистон ва мардуми он мешитобем", - афзуд Игор Лякин-Фролов.

Аксҳои бештарро дар инҷо бибинед:

Дар оғози моҳи феврал Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни як баёния аз сохторҳои дипломатӣ ва созмонҳои имдодрасони байналмилалӣ хоста буд, то дар рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ ба давлати Тоҷикистон кумак кунанд. Соҳибҷон Зиёдуллоев, муовини раиси оҷонсии захираҳои давлатии Тоҷикистон гуфт, кумаке, ки имрӯз аз Русия меояд, бори аввал нест. Мо ин кумакро дар анборҳои марказӣ нигоҳ медорем ва пас аз қарори ҳукумат онро барои нафарони эҳтиёҷманд тақсим хоҳем кард."

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамин моҳ дар нишасти Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз хисороти офатҳои табиӣ дар панҷ соли гузашта натиҷагирӣ мекард, гуфт, дар ин муддат беш аз 120 нафар ҷон бохта, даҳҳо тани дигар хонаву дороиҳои худро аз даст додаанд. “Дар маҷмӯъ, ба буҷа ба маблағи 600 миллион доллар хисорот ворид шудааст, - гуфт ӯ.

​Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз Маркази обу ҳавошиносӣ ва Академияи илмҳо низ хост, ки пайваста вазъи обшавии пиряхҳо дар кишварро пайгирӣ карда, ба ниҳодҳои зидахл гузориш диҳанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, бар асари гарм омадани ҳаво обшавии пирях дар вилояти Бадахшон мушоҳида шуда, селфароӣ аз ҳодисаҳои зиёновари табиӣ дар чанд соли охир будааст.

"Сирри буҷаи Тоҷикистон"

Яке аз бозорҳои Хоруғ баъди тармафароӣ ва барфбории шадид
Яке аз бозорҳои Хоруғ баъди тармафароӣ ва барфбории шадид

Дар ҳоле ки Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои табиӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак хостааст, маълумот оид ба хароҷоти буҷаи кишвар дар ин маврид аз ҷумлаи маълумоти сиррӣ маҳсуб меёбад ва ҳаҷми умумии пулҳое, ки ҳукумат барои ин ҳадафҳо ҷудо мекунад, мушаххас нест.

Танҳо гуфта мешавад, ки хароҷот барои рафъи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон аз фонди захиравии президент ва фонди хароҷоти пешбининашуда масраф мешаванд, ки дар навбати худ аз ҳисоби 0,5 % в 2 % ҳаҷми умумии бахши даромади буҷаи давлатӣ ташаккул меёбанд.

Мутахассисон мегӯянд, ки масрафҳои марбут ба муқобила бо офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дар бахши «хароҷоти дигар»-и буҷаи давлатӣ ворид шуда, барои соли 2017 ин бахш наздики 2 миллион сомониро ташкил додааст. Онҳо мегӯянд, ин маблағҳо воқеан ҳам барои муқобила бо офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон кифоят намекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG