Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи Душанбе – Чаноқ, ягона роҳи заминӣ, ки маркази кишварро бо шимол пайванд медиҳад, баъди як ҳафтаи тармафароӣ ва марги ce корманди ширкати Innovative Road Solutions дубора боз шуд. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки роҳ шаби 24 феврал барои равуои мошинҳо боз гардид, вале аз ронандагон хоста шудааст, ки танзими ҳаракатро риоя карда, барои якдигар мушкил пеш наоранд.

Роҳи Душанбе – Чаноқ ҳафтаи гузашта ба далели барфбории шадид ва зери тарма мондани ду техника ва ҳашт корманди ширкати IRS баста гардид.

Зоҳиран ба далели фаромадани тармаи зиёд роҳ ҳанӯз пурра боз нашуда ва убуру мурур ба сахтӣ сурат мегирад. Далери Абдулло, сухангӯи ширкати Innovative Road Solutions рӯзи 25 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳаракат танҳо аз самти шимол ба пойтахт имконпазир шудааст.

Ӯ гуфт, “сарфи назар аз вуҷуди мушкилу монеаҳои зиёд, тозакунии роҳи Душанбе – Чаноқ аз тарафи кормандони ширкат дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуд. Чанде пеш кормандони мо иттилоъ доданд, тармаҳои бузургҳаҷме, ки дар қитъа фаромада буданд, бартараф шуда, ба маънои томаш роҳ қадам ба қадам аз тарма тоза гардид.”

Масъулони ширкати Innovative Road Solutions, масъули нигоҳубини роҳи пулакии Душанбе – Чаноқ гуфтанд, дар як ҳафтаи ахир тармаи зиёд фаромада ва ҳаракат дар ин масирро қатъ карда буд. Ба гуфтаи онҳо дарозии тарма то 500 ва баландиаш ба 40 метр мерасид. Роҳи Душанбе – Чаноқ ҳафтаи гузашта ба далели барфбории шадид ва зери тарма мондани ду техника ва ҳашт корманди ширкати IRS баста гардид. Дар ин ҳодиса ce корманди ин ширкат ҷон бохта, як нафари онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони ноҳияи Айнӣ интиқол ёфта буд.

Инчунин, дар ин муддат даҳҳо тан аз сокинон аз зери тарма ва ё аз минтақаҳои хатаро берун наҷот дода шуданд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар ин шабу рӯз иҷозаи ҳаракат аз самти шимол ба Душанбе бесабаб нест, чун дар як ҳафтаи гузашта ба далели ворид нашудани молу маҳсулот ва сӯзишворӣ аз қисмати шимол вазъи нарху наво дар бозорҳои пойтахт ба ҳам хӯрда буд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, нархи картошка дар бозорҳои Душанбе боло рафта, сӯзишворӣ – бензину гази моеъ – камчин гардид. Ҳатто рӯзи 24 феврал дар бештаре аз нуқтаҳои сӯзишвории шаҳри Душанбе навиштаҷоти "Бензин ва газ нест" насб карда буданд.

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз шоҳрагҳои нақлиётии Тоҷикистон ба шумор меравад, чун пойтахти кишварро бо шимоли он мепайвандад. Дар маҷмӯъ, аз рӯзи 28 январ то кунун дар ин роҳ даҳҳо бор тарма фаромада, ҷони 13 нафарро гирифтааст. Чанде аз сокинон мегӯянд, бархе аз наздикони онҳо дар ин масир нопадид шуда, маълум нест бо онҳо чӣ иттифоқе рух додааст. Мақомоти Тоҷикистон барои рафъи паёмади ин офати табиӣ аз кишвару созмонҳо ёрӣ хостаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG