Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати рус баъди садамаи маргбор Бишкекро тарк кард


Котиби аввали сафорати Русия дар Бишкек Виктор Пухов, ки чанд рӯз пеш бо иштироки ӯ садамаи маргборе рух дод, Қирғизистонро тарк кардааст. Сухангӯи сафорати Русия дар Бишкек Даря Пахомова гуфт, Пуховро бо қарори раҳбарияти сафорат ба хонааш фиристодаанд. Ӯ кай Қирғизистонро тарк кардааст, гуфта намешавад.

Ба ҷуз ин, Пахомова хабари пешини сафоратро, ки гуфт, ҳини рух додани садама пушти фармони мошини "Toyota Land Cruiser Prado" маҳз Виктор Пухов нишаста буд, тасдиқ кард. Вале расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Раёсати умури дохилии Бишкек хабар доданд, ки ҳини рух додани садама мошини сафорати Русияро муовини мудири ширкати "Ростнефт" дар Қирғизистон Игор Рясний идора мекард ва Пухов канори ӯ нишаста буд.

Ёдрас мешавем, 16 феврал дар Бишкек садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод. "Toyota Land Cruiser Prado"-и сафорати Русия чорроҳаро дар ҳолати сурх будани чароғак убур карда, ба мошини "Мерседес-Спринтер" бархӯрд, ки дар натиҷа ронандаи он шаҳрванди 62-солаи Қирғизистон Евгений Лексин ба ҳалокат расид.

XS
SM
MD
LG