Пайвандҳои дастрасӣ

Қорӣ Обидхон Назаров баъди комаи тӯлонӣ ба гап даромад


Узбакистон - Имом Обидхона Назаров соли 2012 аз як суиқасд дар Шведсия осеби ҷиддӣ бардошт.

Саломатии имоми шинохтаи узбак Обидхон-қорӣ Назаров, ки панҷ сол пеш дар назди манзилаш, дар шаҳраки Стромсунди Шветсия ҳадафи сӯиқасд қарор гирифта буд, беҳтар шуда, ба сухан гуфтан даромадааст. Дар ин бораи писари имоми 59-сола, Довуд Назаров, хабар дод.

Бо вуҷуди беҳтар шудани вазъаш Обидхон-қорӣ Назаров ҳамоно зери назари пизишкон боқӣ мемонад ва мақомоти Шветсия амнияти ӯро таъмин мекунанд.

Назаров, ки аз мунаққидони сарсахти президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов буд, соли 2006 дар Шветсия паноҳанда шуд ва 22 феврали соли 2012 дар назди хонааш ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт.

Моҳи марти соли гузашта шаҳрванди Узбакистон Юрий Жуковский аз Русия ба Шветсия истирдод шуд ва барои талоши қатли Назаров ба ҳабси абад маҳкум гашт. Хонаводаи Назаров ҳукумати Узбакистонро масъули сӯиқасд ба ҷони имом медонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG