Пайвандҳои дастрасӣ

Шветсия: Нооромӣ дар минтақаҳои будубоши паноҳандагон


Акси канораҳои Стокҳолм

Дар ноҳияи Ринкебю, воқеъ дар канораҳои Стокҳолм, ки макони зиндагии паноҳандагон аст, рӯзи душанбе бетартибӣ ҷараён гирифт. Ба гуфтаи шоҳидон, нооромӣ дар ҳоле сар шуд, ки кормандони пулис мехостанд, як нафари мавриди ҷустуҷӯро боздошт кунанд. Ба сӯи ходимони пулис сангандозӣ шуд, вале онҳо тавонистанд минтақаро бо шахси боздоштшуда тарк кунанд.

Ба навиштаи нашрияи "Дагенс нюхетер", пулис ба тарафи онҳое, ки мехостанд ба боздошт халал расонанд, оташ кушод.

Баъд аз ду соат нооромӣ дар ноҳияи дигари канораҳои Стокҳолм сар зад. Дар ҷараёни бетартибӣ якчанд мошинро оташ заданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG