Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони созиши оташбаси нав дар шарқи Украина


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва ҳамтои олмониаш Зигмар Габриел.

Тарафҳои даргир дар шарқи Украина барои созиши оташбаси наве мувофиқат кардаанд, вале баъзе аз ҷудоиталабони тарафдори Русия гуфтаанд, ки мумкин аст, ин созишро риоят накунанд. Дар бораи созиши оташбаси нав вазирони умури хориҷии Украина, Олмон, Фаронса ва Русия баъди мулоқот дар ҳошияи конфронси амниятӣ дар шаҳри Мюнхен рӯзи 18-уми феврал эълон доданд.

Қарор аст, созиш рӯзи 20-уми феврал ҳукми иҷро бигирад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия созиши оташбасро таҳаввулоти “мусбат” номид, вале эътироф кард, ки мулоқоти чаҳорҷониба “пешрафти бузурге” надошт.

Сигмар Габриел, вазири умури хориҷии Олмон ба хабарнигорон гуфт, “ҳадаф иҷрои он тафовуқоте буд, ки муддатҳо пеш ба даст омад, вале иҷро нашуд. Берун кашидани аслиҳаи вазнин, таъмини амният дар минтақа ва иҷоза додан ба нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои назорати он аслиҳа.” Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина то кунун нагуфтаанд, ки созиши оташбасро риоят мекунанд, ё не.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG