Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи Русия дар масъалаи Қрим мавқеи худи Трампро интизор аст


ИМА - Президенти Амрико Доналд Трамп бо хабарнигорон сӯҳбат мекунад. Флорида, 3 феврали соли 2017.
ИМА - Президенти Амрико Доналд Трамп бо хабарнигорон сӯҳбат мекунад. Флорида, 3 феврали соли 2017.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, рӯзи 15 феврал даъват кард, ки дар масъалаи бозгардондани Қрим ба Украина, суханони мустақими президенти Амрико Доналд Трампро интизор шаванд. Ӯ афзуд, ки танзими равобит бо Русия як бахши барномаи пеш аз интихоботии Трамп аст.

Раиси кумитаи Думаи давлатӣ дар умури равобити байналмилалӣ, Леонид Слутский ба хабарнигорон гуфт, ин далел ки Трамп як муддат ба равиши рӯҳияи Амрикои якқабата ҳаракат кард, асос намешавад, ки ӯро "русиягаро" бигӯем.

Виктор Озеров, раиси кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои федератсиюни Русия, зарурати даъватҳои баргардондани Қрим ба Украинаро талоши хомӯш кардани танқидҳо алайҳи Трамп номид, ки дар заминаи робитаи ёваронаш бо Русия мавриди интиқод қарор гирифтааст. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ки "Қрим як бахши қаламрави Русия буда, қобили боздодан нест."

Рӯзи гузашта сухангӯи Кохи Сафед Шон Спайсер гуфт, ки Доналд Трамп дар робита ба Русия аз "мавқеи шадид" кор мегирад. Ба гуфтаи Спайсер, президенти Амрико ба таври рӯшан гуфт, ҳукумати Русия бояд Қримро баргардонад ва аз зӯроварӣ дар шарқи Украина даст кашад.

XS
SM
MD
LG