Кишвари Македония ба як шарҳи қонунгузори амрикоӣ вокуниши тунд нишон дод, ки гуфтааст, “ин кишвар нест ва бояд миёни Косово, Булғористон ва эҳтимолан кишварҳои дигари ҳамсоя тақсим шавад”. Дана Роҳрабахер, раиси зеркумитаи Аврупо, Авроосиё ва таҳдидҳои нав дар Маҷлиси намояндагони Амрико дар як сӯҳбаташ бо телевизиони Албания рӯзи 7 феврал гуфт: “Ба назари ман, Македония кишвар ҳам нест. Бубахшед, ин аслан кишвар нест”. Вай гуфтааст, “косовагиҳо ва албанитаборҳои Македония бояд бахше аз Косово шаванд ва бахши дигари Македония бояд ба Булғористон ва ё дигар кишварҳо гузарад”, гуфтааст Роҳрабахер. Ӯ гуфтааст, ки таъсиси Македония ба ҳайси давлати мустақил дар паи пошхӯрии Югославия дар соли 1990 як иштибоҳ буд ва мардумони аз ҳам ҷудошуда наметавонанд дар сулҳу субот зиндагиро идома диҳанд. Вазорати хориҷаи Македония дар посух ин ҳарфҳоро ҳамчун дорои хусусияти миллатгароёна маҳкум карда гуфтааст, ки ин ҳарфҳо минтақаро ба қафо мепартояд. Дар изҳороти вазорати хориҷаи Амрико изҳори умедворӣ шудааст, ки департаменти давлатӣ ҳама гуна шакку шубҳаро аз байн мебарад ва мушаххас хоҳад кард, ки ин ҳарфҳо ба сиёсати ИМА таъсиргузор намешавад.