Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии расмии "Настоящее время" дар Вашингтон


CURRENT TIME LOGO High Resolution
CURRENT TIME LOGO High Resolution

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Томас Кент тарҳи ширкати мо - шабакаи телевизионии "Настоящее время"-ро рӯзи 7 феврал расман дар Вашингтон муаррифӣ кард. Ба гуфти Кент ин шабака бояд падидаи қобили мулоҳиза дар бозори расонаҳои русзабон бошад. Таҳиягарони ин тарҳ мегӯянд, ки вазифаи шабакаро номи он -"Настоящее время" муаян кардааст ва он аз таъмини аудиторияи русзабон бо хабарҳои воқеӣ, муҳиму ва беғаразона иборат аст.

Том Кент- Президенти Радиои Озодӣ
Том Кент- Президенти Радиои Озодӣ

Барои пахши барномаҳои "Настоящее время" шабакае бо шумули 32 канали кабелӣ дар Украина, Грузия, Молдова, кишварҳои Балтик, Олмону Исроил ва Тоҷикистону Қирғизистон таъсис ёфтааст. Пахши мустақим адуторияи ҳудудан 7 миллиониро фаро мегирад. Пахши барномаҳои "Настоящее время" ҳамчунин аз пойгоҳҳои рақамӣ, монанди filmon.tv ва MeGoGo имконпазир аст, ки моҳона онҳоро 100 миллион нафар тамошо мекунанд. Ҳаводорони "Настоящее время" метавонанд барномаҳои шабакаро аз тариқи моҳвораи Eutelsat Hotbird-8 низ дарёфт кунанд, ки беш аз 130 миллион муштарӣ дорад.

XS
SM
MD
LG