Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко: Украина раъйпурсии узвияти НАТО-ро баргузор хоҳад кард


Эстония. Президенти Украина Петро Порошенко дар наишасти матбуотӣ дар Таллин. 23 январи соли 2017.
Эстония. Президенти Украина Петро Порошенко дар наишасти матбуотӣ дар Таллин. 23 январи соли 2017.

Президенти Украина Петр Порошенко дар гуфтугӯ бо рӯзномаи олмонии Berliner Morgenpost изҳор дошт, ки дар кишвараш референдуми узвият дар Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Порошенко, агар чаҳор сол пеш танҳо 16 дарсади украиниҳо тарафдори узвияти кишвар дар НАТО буданд, ҳоло ин нишондиҳанда 54 дарсадро ташкил медиҳад. Пештар Порошенко чандин бор изҳор дошта буд, ки вуруд ба НАТО аз ҳадафҳои стратегӣ ё раҳбурдии Украина хоҳад монд.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи The Wall Street Journal ба нақл аз манобеи номбарнашуда навишт, ки намояндагони НАТО барои таҳрик надодани Русия гуфтушуниди худро бо Киев дар мавриди мудофиаи зиддимушакии Аврупо бекор кардаанд. Яке аз ҳамсӯҳбатони нашрия гуфтааст, равобит бо Москва ҳоло дар марҳалаест, ки гуфтушунид бо Украина метавонад, нодуруст шарҳ дода шавад. Сарчашмаҳои дигар низ ишора кардаанд, ки президенти нави ИМА Доналд Трамп талош дорад, ҳамкории наздиктари НАТО ва Русияро роҳандозӣ кунад.

Кремл борҳо аз густариши НАТО изҳори нигаронӣ карда, ҳушдор додааст, ки агар иншооти НАТО ба амнияти Русия таҳдид кунанд, онҳоро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG