Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси мушакии Эрон дар ҷаласаи изтирории Шӯрои амният


Никки Ҳейлӣ, сафири нави Амрико дар СММ

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар як ҷаласаи фаврӣ озмоиши мушакии Эронро баррасӣ хоҳад кард. Ҷаласа рӯзи 31 январ бо дархости Амрико сурат мегирад. Ин нахустин ташаббуси Иёлоти Муттаҳида баъди ба кор шурӯъ кардани Никки Ҳейлӣ – сафири нави Амрико дар Созмони Милал – аст. Боб Коркер, намояндаи Кумита оид ба равобити хориҷии Сенат, маҷлиси болоии Амрико, озмоиши мушакии Эронро танқид карда ва гуфтааст, ин кишвар “ба ҳимоят аз терроризм, нақзи ҳуқуқи инсон ва амалиёти дигари хасмона идома медиҳад, ки ба суботу амнияти байналмилалӣ таҳдид дорад”. Исроил низ аз Шӯрои амният барои озмоиши мушаки баллистикӣ муҷозоти Эронро дархост кардааст. Аммо Муҳаммадҷавод Зариф – вазири умури хориҷии Эрон – гуфт, “ҳеҷ як аз мушакҳои баллистикии Эрон барои қобилияти ҳамли силоҳи ҳастаӣ тарроҳӣ нашудаанд. Сирфан мушакҳое барои ҳамли кӯлоҳакҳои мутаораф дар ҳавзаи дифои қонунии Эрон ва хориҷ аз қатъномаи 22-31 ҳастанд.” Бино ба гузоришҳо, Эрон рӯзи 29 январи имсол мушаки баллистикиро озмоиш кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG