Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозии маргбор дар як масҷиди Канада (ВИДЕО)


Маъмурони пулис дар маҳалли тирандозӣ дар шаҳри Квебеки Канада
Маъмурони пулис дар маҳалли тирандозӣ дар шаҳри Квебеки Канада

Пулиси шаҳри Квебеки Канада мегӯяд, дар натиҷаи тирандозӣ дар як масҷиди шаҳр 6 нафар кушта шудаанд ва ба гуфтаи пулис ин “амали террористӣ ба зидди мусулмонон” буд. Ҳашт нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Тирандозӣ рӯзи 29-уми январ зимни намоз сурат гирифтааст ва мақомот гуфтанд, ки ду нафарро дар робита ба ин ҷиноят дастгир кардаанд. Кристин Куломб, сухангӯи ҳукумати вилоят дар ин бора хабар дод ва гуфт, ки ҳоло маълум нест, сабаби ҳамла чӣ буд, чун таҳқиқ нав шурӯъ шудааст.

Имоми масҷид гуфтааст, ки панҷ нафар дар натиҷаи тирандозӣ ҷон доданд, бар асоси гузоришҳои дигар теъдоди қурбониён чаҳор нафар аст. Як мақоми пулиси Квебек, талафот дар ин ҳодисаро таъйид кард, вале шумораи қурбониёнро нагуфт. Филип Куллард, раиси шаҳри вилояти Квебек, тирандозиро “хушунати барбарона” номид ва гуфт, ки ин “амали террористӣ нисбат ба мусулмонон” будааст.

Канада: Тирандозӣ дар масҷид ҳамлаи террористӣ бар муқобили мусулмонон буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада ҳам ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, "Дидани чунин хушунати бемаънӣ дилхарош аст. Вай афзуд, "Гуногунӣ тавоноии мост ва таҳаммулпазирии динӣ арзиши муқаддас бар мо мардуми Канада аст."

“Чаро ин ҳодиса инҷо шуд, ин ваҳшоният аст”

Як шоҳиди ҳодиса ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки се фарди мусаллаҳ вориди Маркази фарҳанги исломии Квебек шуда ва ба самти 40 нафар дар дохили марказ тир андохтаанд. “Чаро ин ҳодиса инҷо шуд, ин ваҳшоният аст” – гуфтааст, Муҳаммад Янку, имоми масҷид. Вай афзудааст, ки ҳангоми тирандозӣ дар масҷид набуд ва намедонад, ки чанд нафар маҷрӯҳ шудаанд. Зебида Бандҷиду, ки субҳи якшанбе масҷидро тарк кардааст, гуфт, ки дар гузашта ба инҷо таҳдидҳо шудааст.

“Моҳи июн онҳо дар назди масҷид сари хукро гузошта буданд. Мо фикр кардем, шояд як амалест, ки такрор намешавад ва мо онро ҷиддӣ нагирифтем. Вале имшаб чунин амалҳо миқёси дигар гирифтанд.” –гуфтааст, Зебида Бандҷиду. Мақомот дар шаҳри Ню Йорк гуфтанд, ки барои назорати масҷиду ибодатгоҳҳо маъмурони бештарро сафарбар кардаанд.

Раёсати пулиси шаҳр гуфт, ки "барои муҳофизати масҷидҳо тадбирҳои иловагӣ андешидааст. Билл Блазио, раиси шаҳр дар Твиттер навишт, ки "Тамоми сокинони Ню Йорк бояд ҳушёр бошанд. Агар чизеро дидед, чизе бигӯед.

XS
SM
MD
LG