Полиси Сюрих гуфт, марди мусаллаҳе, ки ба сӯи намозгузорони як масҷиди Швейсария оташ кушод, як шаҳрванди ин кишвар буд ва зоҳиран ҳеҷ иртиботе бо ифротгароҳои исломӣ ва ё экстремистҳои шадид надошт. Полис гуфт, ки марди ношиноси гумонбар дар куштори нафари дигар дар Сурих рӯзи 18 декабр, ба эҳтимоли ғолиб худкушӣ кардааст. Марди 24-сола баъди тирандозӣ ба сӯи намозгузорони масҷид ва маҷрӯҳ кардани се нафар дар таърихи 19 декабр аз маҳалли ҳодиса фирор кард. Пеш аз он ки ҷасади ӯ пайдо шавад, амалиёти сартосарии ҷустуҷӯяш идома дошт. Полис гуфт, ки ду нафари шадидан маҷрӯҳшуда дар бемористон ҳастанд.