Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри китоб дар бораи қазоқҳои Тоҷикистон


Абдусаттор Нуралиев, донишманди тоҷик.
Абдусаттор Нуралиев, донишманди тоҷик.

Китоби илмӣ-татқиқотӣ дар бораи қазоқҳои Тоҷикистон рӯи чоп омад. Абдусаттор Нуралиев, донишманди тоҷик ва муаллифи китоби “Қазоқҳои Тоҷикистон”, дар муарифии ин китоб, ки рӯзи 27-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфт, омӯзиши зиндагӣ ва урфу одатҳои мардуми қазоқ бояд як қисми ҷудонашавандаи таърихи Тоҷикистон бошад. Дар муаррифии китоби “Қазоқҳои Тоҷикистон” сафири Қазоқистон дар Душанбе Нурлан Сейтимов, ректори Донишгоҳи Русия ва Тоҷикистон (славянӣ) ва чанде аз донишмандон ширкат карданд.

Аслиддин Низомов, санъатшиноси тоҷик, ки дар ин чорабинӣ ширкат дошт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин китоб бори дигар аз ҳамзистӣ ва дӯсти қарин будани ин ду миллат гувоҳӣ медиҳад: “Мардуми қазоқ садсолаҳо инҷониб дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Нашри ин китоб воқеаи хеле назаррас аст. Зеро дар ин китоб маълумотҳо зиёди пурарзиши фарҳангӣ ва таърихӣ миёни қазоқҳову тоҷикҳо оварда шудааст.”

Китоби мазкур бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти “Истеъдод”-и Душанбе дар ҳаҷми 160 саҳифа чоп шудааст. Абдусаттор Нуралиев, дар китоби худ дар бораи саҳми қазоқҳо дар ҳамаи самтҳои рушди Тоҷикистон маълумот додааст. Ба гуфтаи муаллиф, қазоқҳо дар сохтмону кишварзӣ то зинаҳои болоии роҳбарикунанда дар замони Шӯравӣ кор карданд. Ҳоло онҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар мисли дигар миллатҳо зиндагии маъмулӣ доранд.

Аз рӯи таҳқиқотҳои илмӣ, зиндагии қазоқҳо дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон таърихи 500-сола дошта, ба забти ин сарзамин аз тарафи сулолаи Шайбониён рост меояд. Дар китоби Нуралиев навишта шудааст, ки аксари қазоқҳои Тоҷикистон дар солҳои аввали 90-и асри 20 ба ватани аҷдодии худ - Қазоқистон рафтаанд. То соли 1989 дар Тоҷикистон 12 ҳазор қазоқ зиндагӣ мекардааст, вале ҳоло ҳудуди 2 ҳазор нафар аз ин ақалият боқӣ мондааст, ки он ҳам ба гуфтаи муҳаққиқон, бо дигар миллатҳо аз ҷумла тоҷикон омехта шудаанд.

“Қазоқҳои Тоҷикистон” 24-умин китоби профессор Абдусаттор Нуралиев буда ба 25-уми солгарди истиқлолияти Тоҷикистону Қазоқистон бахшида шудааст. Абдусаттор Нуралиев, зодаи шаҳри Самарқанд ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистон аст. Нуралиев солҳои зиёд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият карда дар омода кардани журналистони зиёде саҳм гузоштааст. Ҳоло устоди кафедраи журналистикаи Донишгоҳи Русия ва Тоҷикистон (славянӣ) аст.

XS
SM
MD
LG