Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Марди филӣ" дар 77-солагӣ даргузашт


Парчами Бритониё
Парчами Бритониё

Ҷон Ҳерт – ҳунарпешаи саршиноси бритониёӣ – баъди солҳо мубориза бо саратон дар 77-солагӣ даргузашт. Ӯ солҳои ҳаштодуми асри гузашта нақши асосиро дар филми машҳури "Марди филӣ" (The Elephant Man) бозидааст, ки ба коргардонии Дейвид Линч наворбардорӣ шудааст. Оқои Ҳерт дар филми "Ҳаррӣ Потер" низ нақши ҷаноби Олливандерро иҷро кардааст. Ин ҳунарпеша барои шаш даҳа дар саҳнаи кино ва телевизион дар Бритониё ва Амрико кор мекард. Вай пеш аз марг низ машғули бозӣ дар филме аз Ҷо Райт бо номи "Ториктарин соат" буд.

XS
SM
MD
LG