Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои Британия "Адмирал Кузнетсов"-ро "ҳамроҳӣ" карданд


Ҳавопаймоҳои ҷангии Британия "Адмирал Кузнетсов" ва "Петр Великий"-ро дар Ла-Манш ҳамроҳӣ карданд.
Ҳавопаймоҳои ҷангии Британия "Адмирал Кузнетсов" ва "Петр Великий"-ро дар Ла-Манш ҳамроҳӣ карданд.

Нерӯҳи низомии Британия киштии ҳавопаймобари Русия, "Адмирал Кузнетсов"-ро ҳангоми гузаштан аз наздикиҳои Британия, дар роҳи бозгашт аз Сурия, ҳамроҳӣ карданд.

Дар тасвире, ки Вазорати дифои Британия нашр кардааст, ҳавопаймои ҷангии "Тафун" ва киштии бодбондори "Сент-Олбанс" ба мушоҳида мерасанд, ки "Кузнетсов"-ро ҳангоми гузаштан аз Ла-Манш, ба сӯи Баҳри шимолӣ, ҳамроҳӣ мекарданд.

"Мо ҳаркати "Адмирал Кузнетсов"-ро дар роҳи бозгашти он ба Русия ҷиддан назорат мекунем, ин киштии шарм аст, ки рисолати он аз тамдиди азиятҳои мардуми Сурия иборат буд"- гуфт Майкл Фэллон, вазири дифои Британия дар як изҳорот.

Ҳавопаймоҳои "Адмирал Кузнетсов" дар ҳамлаҳои ҳавои Русия ба мавқеи шӯришгарони Сурия иштирок карданд, ки Ғарб онро маҳви аҳолии мулкӣ унвон кард.

"Адмирал Кузнетсов" ягона киштии ҳавопаймобари Русия аст моҳи октбяри соли 2016 тавассути Ла-Манш ба Сурия рафт.

XS
SM
MD
LG