Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни музокироти созиши Сурия дар Остонаи Қазоқистон


Қазоқистон, музокироти созиши Сурия дар Остона
Қазоқистон, музокироти созиши Сурия дар Остона

Мулоқоти расмии Русия, Туркия ва Эрон дар Қазоқистон ба ин натиҷа расид, ки механизми назорат бар оташбаси шиканандаи Сурияро эҷод кунанд.

Мулоқоти дурӯза дар Остона ҳукумати Сурия ва мухолифини онро барои гуфтушуниди ғайримустақим ва бо ин умедворӣ ба ҳам овард, ки оташбаси фарогир дар саросари кишварро, ки моҳи декабр ҷорӣ шуд, тақвият диҳад.

Изҳороти муштарак, ки рӯзи 24 январ дар поёни нишаст пахш гардид, мегӯяд, ки Эрон, Русия ва Туркия оташбаси Сурияро якҷо назорат мекунанд, "татбиқи комили онро таъмин мекунанд, шарту шурути оташбасро муайян ва аз тавтеаҳо пешгирӣ мекунанд".

Ин се кишвар ҳамчунин бори дигар нияти худро барои идомаи мубориза бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ва гурӯҳи "Ҷабҳат ал-Шом (ал -Нусраи собиқ) ва ҷудо кардани ин гурӯҳҳо аз бахшҳои дигари мухолифини мусаллаҳро тасдиқ карданд.

Русия барои ҳамлаҳои ҳавоӣ болои гурӯҳҳои мухолифини муътадили Сурия, киТуркия ва эътилофи таҳти раҳбарии ИМА аз онҳо пуштибонӣ мекунанд, шадидан танқид мешуд. Ин гурӯҳҳо барои сарнагун кардани президент Башор Асад мубориза мебаранд. Ин дар ҳолест, ки Русия ва Эрон аз Башор Асад пуштибонӣ мекунанд.

Дар изҳороти ниҳоӣ ҳамчунин омадааст, ки ин се кишвар аз иштироки мухолифин дар музокироти навбатии сулҳи Сурия, ки 8 феврал дар Женева таҳти назари СММ баргузор мешавад, пуштибонӣ мекунанд.

Мушаххас нест, ки оё ҳукумати Сурия ва мухолифини он ба ин изҳороти муштарак имзо гузоштаанд ё не.

Дар тӯли ҷанги Сурия, аз соли 2011 то ҳол, беш аз 300 ҳазор одам кушта ва миллионҳо нафар фирорӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG