Пайвандҳои дастрасӣ

Густариши ҳузури Русияро дар пойгоҳи Тартуси Сурия


Маскав ва Димишқ созишномаи густариш ва навсозии пойгоҳи нерӯҳои дарёии Русия дар бандари Тартусро имзо карданд.

Дар асоси ин санад, ки рӯзи 20 январ дар портали расмии ҳуқуқӣ ва иттилоотии Русия нашр шуд, 11 киштии ҷангии Русия метавонанд ҳамзамон дар ин пойгоҳ мустақар шаванд.

Дар тӯли шаш соли ҷанги Сурия Русия аз ҳукумати президент Башор Асад пуштибонӣ ва ба хотири ҳимояи нерӯҳои ӯ ҳамлаҳои ҳавоиро дар моҳи сентябри соли 2015 оғоз кард.

Пойгоҳи Тартус ва маркази таъминоти муҷаддад дар Ветнам ягона пойгоҳҳои нерӯҳои дарёии Русия дар берун аз Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба шумор меоянд.

Низомиёни Русия ҳамчунин ҳузури худро дар пойгоҳи ҳавоии Сурия, воқеъ дар вилояти соҳилии Латака таъмин кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG