Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ 2 млрд сомонии бонкҳоро баргардонидааст


Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ки соли гузашта 2 миллиард сомонии бонкҳоро аз сокинон ва ширкатҳо баргардонидааст. Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 18 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки соли гузашта 521 парванда бар асоси шикояти бонкҳо дар нисбати мизоҷонашонро баррасӣ кардааст. Ҷаноби Мансурзода афзуд, ки дар зимн 17 шикояти сокинон аз бонкҳоро баррасӣ намуда ва онро ба нафъи сокинон ҳал кардааст.

XS
SM
MD
LG