Пайвандҳои дастрасӣ

Тереза Мэй: Британия аз "бозори умумӣ"-и Аврупо мебарояд


Тереза Мэй, нахуствазири Британия

Шарти ниҳоии берун рафтани Британия аз Иттиҳоди Аврупоро бояд порлумони Британия тасдиқ кунад. Гуфт Тереза Мэй, наухствазири ин кишвар дар сухаронии бахшида ба стратегияи кабинети ӯ ҷудо шудан аз Иттиҳоди Аврпуо.

Ба гуфтаи Тереза Мэй Британия наметавонад "нима дар Иттиҳоди Аврупо бошад ва нима хориҷ аз он", бинобар ин, узвияти иртиботии Британия дар Иттиҳоди Аврпуо аз эҳтимол соқит мешавад. Нахуствазир таъкид кард, ки кишвараш бояд сели паноҳҷӯёнро, бо шумули онҳое, ки аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо меоянд, таҳти назорат бигирад. Ба ин тартиб, Британия тасмим гирифтааст, ки аз усули аврупоии ҳаракати озоди одамон ва нерӯи корӣ даст бикашад.

Дар ҷараёни музокирот бо Иттиҳоди Аврпуо Британия ҳамчунин мехоҳад "бозори умумӣ"-и Аврпуоро низ тарк кунад. Аммо Мэй таъкид кард, ки ӯ барои созиши тиҷорати озод бо Аврупо ва кишварҳои дигар сайъ хоҳад кард.

Тереза Мэй гуфт, ки райъдиҳии хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврупо маънои даст кашидан аз "арзишҳои аврупоӣ"-ро надорад. "Мо Иттиҳоди Аврупоро тарк мекунем, на Аврупоро"- гуфт нахуствазири Британия.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG