Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Иморот дар Афғонистон захмӣ шуд


Вазорати умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб шаби гузашта эълон кард, ки дар таркиш дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон сафир ва чанд дипломати дигари ин кишвар дар Афғонистон захмӣ шудаанд. Ба гузориши бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, Ҷумъа Муҳаммад Абдуллоҳ Ал-Каъбӣ, сафири Имороти Муттаҳидаи Араб ҳангоми ҳузур дар маросими зиёфати раиси вилояти Қандаҳор захмӣ шудааст. Дар ин таркиш Азизуллоҳ Ҳумоюн, раиси вилояти Қандаҳор низ захмӣ шудааст. Ба гуфтани мақомоти амниятии Афғонистон дар ин таркиш ҳадди ақал 11 нафар кушта шуданд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст. Ҳамчунин рӯзи сешанбе дар чанд ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳрҳои Кобул ва Лашкаргоҳ 57 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захм бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG