Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, дар Твиттери худ ба равобити Иёлоти Муттаҳидаву Русия дахл карда гуфт, ки "рушди муносибатҳо хуб аст. Фақат "аблаҳон" метавонанд фикр кунанд, ки ин бад аст. Дар ҷаҳон мушкили зиёд аст, ки баъзеи онҳоро мешавад бо Русия якҷоя ҳал кард." Вай афзудааст, "вақте президент шудам, Русия Амрикоро бештар эҳтиром хоҳад кард". Доналд Трамп ин нуқтаи назарашро баъди дарёфти гузориши ниҳодҳои амниятии Амрико дар бораи ҳамлаҳои ҳакерии Русия дар Твиттер мунташир кард. Ӯ навишт, ҳамлаи ҳакерӣ ба серверҳои Кумитаи миллии Ҳизби демократ эҳтимол аз "беэҳтиётӣ" ё "саҳлангорӣ"-и раҳбаронаш сурат гирифтааст ва изофа кард, ки сервери Кумитаи миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳ аз ҳамагуна ҳамлаҳои ҳакерӣ хуб муҳофизат мешавад. Доналд Трамп рӯзи 20 январ бо адои савганд дар Кохи Сафед Барак Обамаро иваз хоҳад кард.