Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии кибер-ҳамлаҳои эҳтимолии Русия дар Сенати Амрико


Сенати Амрико рӯзи 5 январ масъалаи кибер-ҳамлаҳои эҳтимолии Русия ва таъсири он ба интихоботи президентии Ийолоти Муттаҳидаро матраҳ мекунад.

Дар Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳ, ки сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн ба он сарварӣ мекунад, раҳбари Хадамоти миллӣ Ҷеймс Клеппер, раҳбари Оҷонсии амнияти миллӣ Майк Родҷерс ва муовини вазири дифоъ оиди истихборот Марсел Леттр гузориш медиҳанд.

Рӯзи панҷшанбе раҳбарони ҳамаи идораҳои истихборотии Амрико бояд ба президенти мунтахаб Доналд Трамп оиди ҳамлаҳои рахнагаронаи ҷониби Русия, дар ҷараёни маъракаи интихоботи президентӣ, гузориш диҳанд, ки ба маълумоти ин идораҳо бо ҳадафи зарар овардан ба номзади Ҳизби Демократ Ҳиллари Клинтон анҷом шудааст.

Трамп натиҷаи ин бозҷӯиҳоро борҳо зери суол бурдааст.

4 январ нашрияи The Wall Street Journal дар бораи барномаҳои маъмурияти нави Амрико оиди ислоҳот дар идораҳои истихборотӣ, хабар дод. Ба гуфти ин нашрия, Трам ва ҳалқаи нафарони наздик ба ӯ ин ақидаро доранд, ки ниҳодҳои истихборотӣ аз ҳад беш сиёсӣ ҳастанд ва фаъолияти худро хуб ҳамоҳанг намекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG