Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "Ҳезум" барои наҷоти ҷангалзорҳо дар Хатлон. ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз нобудшавии ҷангалҳо, ки дар шароити маҳдудияти нерӯи барқ ба масъалаи доғи солҳои охир табдил шудааст, аз тадбирҳои шадидтари назорату муҷозот кор мегиранд.

Таҳқиқот собит кардааст, ки агар ҳанӯз 50 соли пеш 20 дарсади қаламрави ин кишвари кӯҳӣ ҷангалзор буд, имрӯз ҳудуди 3 дар садашон боқӣ мондаасту бас. Масъулин мегӯянд, дар давоми даҳсолаҳои охир инсонҳо дар нобудсозии бераҳмонаи дарахтон ба хотири сӯзишворӣ таъсири фоҷиабор расонидаанд.

Нигаронии мутахассисон аз он ҷо ҳам маншаъ мегирад, ки дарахтони мевадиҳанда ва ҳам нодири табиати Тоҷикистон бераҳмона решакан ва дар оташи дегдонҳои мардум ба хокистар табдил мешаванд.

Дар вилояти Хатлон беш аз якуним миллион гектар ҷангалзор аст, ки дар онҳо чормағз, себ, арча, бодому дулона, писта ва дигар дарахту буттаҳои нодир мерӯяд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз раванди нобудшавии дарахтҳо раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон амалиёти махсусро бо номи рамзии “Ҳезум” ба роҳ мондааст. Дар ҷараёни ин амалиёт масъулин аз роҳи ҷаримаву таҳияи парвандаҳои маъмурӣ талош мекунанд дарахтонро аз нобудсозӣ эмин дорад.

Ба гуфтаи Ҳабибулло Қодиров, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, амалиёти мазкур аз тирамоҳ шурӯъ шуд - замоне, ки бо расидани мавсими сармо ва ҷоришавии маҳдудияти таъмини барқ, мавридҳои нобудсозии дарахтон авҷ мегирад. Дар қаламрави вилояти Хатлон мавсими сардиву бориши барф хеле зуд шурӯъ шуд ва талаботи сокинони деҳро баҳезуму дигар маводи сӯхт бештар кард.

Нигаронии мутахассисон аз он ҷо ҳам маншаъ мегирад, ки дарахтони мевадиҳанда ва ҳам нодири табиати Тоҷикистон бераҳмона решакан ва дар оташи дегдонҳои мардум ба хокистар табдил мешаванд. Яке аз қурбониҳои ин раванд – дарахти писта будааст, гуфт Ҳабибулло Қодиров: “Ба маъмурияти бозорҳо мактуб фиристодем, то аз вуруди ҳезуми пистаю бодом ҷилавгирӣ шавад. Амалиёти “Ҳезум” ҳанӯз ҳам идома дорад. Дар нақша ҳаст, ки бо кормандони хоҷагии ҷангал ва пулиси экологӣ дар тамоми шаҳру навоҳӣ иқдомоти ҷилавгирӣ аз буридани дарахту буттаҳо рӯи даст гирифта шавад”.

Дар Хатлон аз нобудшавии ҷангалҳо ҷилавгирӣ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Ҷангалу кӯҳҳо ва бодому пистазорҳои маҳаллӣ дар таваҷҷӯҳи хоси нозирон қарор доранд. Қурбоназар Мирзоев, сардори минтақаи ҷангалзори “Қарасангоб” дар ноҳияи Данғара, ки 2572 гектар замин дар ихтиёр дорад, мегӯяд, дар шабу рӯзе, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти “Ҳезум” идома дорад, ӯ ва 10 ҷангалбонаш серташвиш шудаанд. Қурбоназар Мирзоев гуфт: “Ҷангалро аз буридани ғайриқонунӣ, аз ҷумла нобудсозии дарахтони сабз нигаҳ медорем. Парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, омилон муҷозот хоҳанд шуд.”

Ба гуфтаи Қувваталӣ Назиров, сардори шӯъбаи ҳифзи ҷангали раёсати ҷангали вилояти Хатлон, дар чор моҳи ахир дар вилоят бар асоси 145 парвандаи маъмурӣ барои буридани ғайриқонунии дарахтон беш аз 17,5 ҳазор сомонӣ ҷарима рӯёнида шудааст. 145 нафар ба ҳангоме боздошт шудаанд, ки дар кӯҳу пуштаҳо ба ҳангоми буридани дарахти писта ба даст афтодаанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, чӯби дарахти писта, ки дар таркибаш маводи кимиёии танин ва равғани зиёд дорад, дар оташдон хуб ва дер месӯзад ва дар бархе ҳолатҳо ҷои ангиштро мегирад.

Инро муаллифони таҳқиқоти “Пистазорҳои Тоҷикистон” – донишмандони Пажӯҳишгоҳи ҷангали Академияи кишоварзии Тоҷикистон низ таъкид кардаанд. Дар як таҳқиқоте аз соли 2010 донишмандони тоҷик навиштаанд, ки дар гузашта “сабаби нобудсозии шадиди пистазорҳо дар Тоҷикистон – ба даст омадани ҳезуми баландсифат аст, ки назар ба дигар навъҳои чӯб дар бозор арзиши баландтар дорад”. Аз ҳамин хотир ҳам, ин навъи дарахт дар шароити тағйирёбиву гармшавии торафти иқлими ин кишвар аҳамияти хос пайдо мекунад ва бояд мавриди ҳимояти хосса қарор бигирад.

Зимнан, дар бозорҳои шаҳри Қӯрғонтеппа як бандча ҳезуми писта аз 5 то 6 сомонӣ нарх дорад. Масъулони идораи ҷангал мегӯянд, ҳезуме, ки ба бозор бароварда ба таври ошкоро фурӯхта мешавад, маъмулан он чӯбу дарахти хушке аст, ки бар асоси созишнома аз ҷангалбонҳо харидорӣ мешавад.

Онҳое, ки даст ба нобуд кардани дарахтони сабз мезананд, маъмулан аз он шиква мекунанд, ки барои захираи ангишт дар зимистон ва ё василаҳои дигари гармидиҳии манзил ва таҳияи ғизо, мисли ҳезум ё таппак маблағи кофӣ надоранд. Сокинони рустоҳо аз он ҳам шикоят мекунанд, ки дар сурати таъмини манзилашон бо барқ, фурсати гарм кардани манзил ва таҳияи ғизои гарм бо оташдони барқӣ кифоят намекунад ва ҳам қимати барқ барояшон гарон мешавад.

Соли 2016 дар Тоҷикистон 1 миллиону 200 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст. Дар бозорҳои Тоҷикистон маъмулан ангишти истеҳсоли ноҳияи Айнӣ ва Қирғизистон ба фурӯш меравад, ки вобаста ба маҳал ва сифати истеҳсолаш дар мавсими сармо ҳар килограми он аз 60 дирам то 1,5 сомонӣ нарх дорад. Барои як хонаводаи маъмулӣ моҳе 200-300 сомонӣ ё тахминан 30 доллар маблағ лозим аст, ки захираҳои якмоҳаи ангишти хонаро таъмин кунад, вале на ҳама хонаводаҳо имкони харҷи ин маблағро доранд.

XS
SM
MD
LG