Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арчаҳои сунъӣ ба ҷои дарахти арча дар Соли нав


Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо таъсиси як ситод дар арафаи Cоли нав мехоҳад аз мавридҳои буридани арчаҳо дар манотиқи кишвар ҷилавгирӣ кунад. Мақомот мегӯянд, дар арафаи Соли нав ба баҳонаи мондани арча мавридҳои ғайриқонунӣ буридани арчаҳо бештар мешавад.

Сайфиддин Шарифов, муттахасиси раёсати наботот ва ҳайвононоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфт, дар арафаи Соли нав бо ташкили як ситод мавридҳои буридани дарахтон, хосатан арчаро пурзӯр мекунанд.

Вай гуфт, “буридани арча дар ҷумҳурӣ манъ аст. Мо ҳоло вазъиятро дар тамоми ҷумҳурӣ назорат мекунем. Дар сурати ошкор шудани мавридҳои

Мақомот барои таҷлил аз Соли нав, харидории арчаҳои сунъиро тавсия медиҳанд.

буридани арча, омилони он ҷарима мешавад. Мувофиқи моддаи 242-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар сурати буридани арча шахси воқеӣ аз 200 то 800 сомонӣ, шахси мансабдор аз 800 то 2 ҳазор сомонӣ ва шахси ҳуқуқӣ то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима карда мешавад.”

Ин ҳамсӯҳбати мо, ба сокинон барои таҷлил аз соли нав харидории арчаҳои сунъиро тавсия дод. “Дар тамоми мағозаҳо соҳибкорон арчаҳои сунъиро пешниҳод мекунанд, сокинон метавонанд аз онҳо харидорӣ карда Соли навро ҷашн гиранд”,- иброз дошт Шарипов.

Оростани арча дар қатори Бобои барфиву барфак муҳимтарин рукнҳои ҷашни иди Соли нав ба шумор меояд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон иди Соли нав ба фарқ аз даҳ соли пеш таҷлили густурдаву пурдабдаба надорад ва на ҳамаи сокинон ба далоили мазҳабӣ ва ё “бегона будани ин ид”, аз он таҷлил намекунанд.

Аммо Алихон Латифӣ, коршиноси масоили ҳифзи муҳити зист, мегӯяд, бархе аз сокинон дар арафаи Соли нав аз он сӯистифода карда, ба буридани арчаҳо даст мезананд: “Соли нав барои бархеҳо баҳона мешавад. Аслан барои ҳезум мебуранд. Лекин мардум даст ба буридани дарахт даст мезананд, чунки сӯзишворӣ намерасанд, барқ нест. Барои бархеҳо ин як навъи бизнес аст. Ҳезумашро бароварда дар бозорҳо мефурӯшанд.”

Айни замон ҷаноби Латифӣ афзуд, арча дар Тоҷикистон ҳамчун дарахти арча ба "Китоби сурх" ворид шудааст ва буридани он аз ҷангалзор қатъият манъ аст. Латифӣ гуфт, назорати ҷангалҳо ва пешгирӣ аз мавридҳои бурриши дарахтон дар кишвар ба фарқ аз солҳои қаблӣ пурзӯр шудааст.

Аммо бо ин вуҷуд, масоҳати ҷангалҳо дар Тоҷикистон хеле коҳиш ёфтааст, ки ба гуфтаи коршиносони ҳифзи муҳити зист, оқибатҳои дигари нохуш, аз ҷумла эрозияи замин, биёбоншавӣ ва зуд-зуд хестани чангбод ба атмосфераро дар пай дорад.

Бинобар омори боигариҳои табиӣ, масоҳати ҷангалзорҳо дар 20 соли қабл дар Тоҷикистон 20 фисадро қаламрави кишварро ташкил медод. Аммо ба гуфтаи масъулон, ҳоло ҳамагӣ 3 фисади ҳудуди Тоҷикистон ҷангалзорҳоро ташкил мекунад.

Мадиброн Саидзода, роҳбари Оҷонсии ҷангали Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 421 ҳазор гектар ҷангалзор вуҷуд дорад, ки 3 фоизи ҳудуди Тоҷикистон аст ва аз ин 150 ҳазор арчазор, 78 ҳазори пистазор 44 зарангу фаркро ташкил мекунанд.

Масъулони ин оҷонсӣ мегӯянд талош доранд, ҳар сол то 2 ҳазор гектар ҷангалзорро барқарор кунанд. Аммо барои ба таъкиди онҳо, барои пурра барқарор кардани масоҳати қаблии ҷангалзор дар ҷумҳурӣ (яъне 20 фисади қаламрави кишвар), солҳои зиёд зарур мешавад.

XS
SM
MD
LG