Арчаҳои солинавӣ нахуст дар Аврупо дар авоили асри 16 пайдо шуданд. Ибтидо арча ва ё санавбари солинавиро аврупоиҳо бо себу шириниҳо ва шамъҳои фурӯзон оро медоданд. Нахустин бор бозичаҳои солинавиро бар шохаҳои арча дар ҳамон асри 16 дар Саксония, вилояте дар қаламрави Олмони кунунӣ овехтаанд.
Анъанаи таҷлили соли нав дар зери дарахти арчаро ба Русия Пётри кабир дар охирин соли асри 17 овард ва бори нахуст иди солинавро тибқи тақвими масеҳӣ дар Русия бо қарори подшоҳ, соли 1700 ҷашн гирифтанд. Аммо ба сурати густарда ва бебозгашт таҷлили соли нав дар зери арча дар Русия аз миёнаҳои асри 19 анъана шуд. Ба истиснои ду фосилаи кӯтоҳ дар асри 20. Аввалан, дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон, вақте Синоди калисои православии Русия арчаи солинавиро ҳамчун анъанаи олмонӣ манъ кард. Ва баъдан дар солҳои 20-ум, ки давлати вақти шӯравӣ арчаи соли навро аз ҷумлаи боқимондаи урфу одатҳои динӣ ва чизи носозгор бо низоми атеистӣ ё худ бехудоии шӯравӣ эълон карда буд.
Вале дар арафаи соли 1936 арчаи солинавӣ дар Шӯравӣ дубора эҳё карда шуд, вале бо истиснои ҳама ҷузъиёти мазҳабиии хоси ин арча.
Аҷиб ин аст, ки Дед Мороз ва Снегурочка ё худ Бобои барфӣ ва Барфак, ки мардуми мо дигар соли навро бидуни ҳузури ин ду нафар тасаввур карда наметавонанд, дар қаламрави Шӯравӣ дар соли наҳси 1937 иҷозати амал пайдо кардаанд. Анъанаи ба хонаҳо даъват кардани Бобои барфиву Барфак вале аз солҳои ҳафтодуми асри пор оғоз шудааст.
Арчаи солинавӣ дар маркази шаҳрҳои бузурги дунё одатан аллакай як моҳ қабл аз Соли нав гузошта мешавад. Имсол арчаи асосии Русияро, ки 35 метр қад дорад, дар майдони Сурхи Маскав аллакай рӯзи 23 ноябр насб карданд. Аммо ин арча сунъӣ буда, ҳамон арчаест, ки соли гузашта дар майдони Собори Кремлин насб шуда буд. Бар иваз, ин бор ба Кремлин аз ҷангали Подмосковйе як арчаи зинда овардаанд.
Дар Порис, пойтахти Фаронса инак соли 27-ум аст, ки анъана шудааст, то дар арафаи Мавлуди Масеҳ ва Соли нав ҳамаи 320 дарахти заранг дар дувуним километр тӯли саҳрои Елисей – хиёбони марказии Порисро бо чароғҳои солинавӣ зиннат диҳанд. Ин бор ба хотири сарфаи нирӯи барқ шаҳрдории Порис дарахтҳои маркази шаҳрро бо чароғҳое оро дода, ки нирӯи хеле ками барқ масраф мекунанд. Интизор меравад, ки масрафи барқ акнун 3 маротиба коҳиш ёбад. Вале дар иваз шумори чароғҳо дар саҳрои Елисей 5 маротиба афзуда, ба як миллион адад расида ва ин миллион чароғи солинавиро имсол ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ Ванесса Парадӣ рӯшан кардааст.
Дар яке аз марказҳои ҷавоҳирфурӯшии Токио, пойтахти Ҷопон муҷассамаи тилоии Санта Клаус, муаннаси ғарбии Бобои барфиро дар маърази тамошо гузоштаанд. Ин муҷассама 20 кило вазн ва 41 сантиметр қад дошта, арзишаш 1 миллиону 750 000 доллар баровард шудааст.
Дар шаҳри Лима, пойтахти Перу, кишваре дар Амрикои Лотинӣ арчаи солинавиро аз 3 000 навъи картошка дуруст кардаанд. Дар маҷмӯъ, барои сохтани ин ба истилоҳ арчаи солинавӣ 98 кило картошка сарф шудааст. Перу гӯё мехоҳад бо ин иқдом ин иддаоро, ки мегӯянд, картошка маҳз аз ҳамин сарзамин бархостааст, собит кунад.
Ва аммо баландтарин арчаи солинавӣ шояд арчаи 76-метриест, ки дар Порто, бузургтарин шаҳри бандариии Португалия гузоштаанд. Танҳо барои ороиши ин арча 1 миллион чароғаки солинавӣ истифода шудааст.
Ва аммо мегӯянд, муҳим ин нест, ки арчаи кӣ дар соли нав баландтар, чароғонтар ва ё қиматтар аст? Муҳимтар аз ҳама, хушиву хурсандии онҳоест, ки дар атрофи ин арча гирди ҳам омадаанд ва соли навро истиқбол мегиранд.
Соли нав муборакатон бод, хонандаи азиз!