Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанорҳои Кӯлобро мебуранд (ВИДЕО)


Акс аз бойгонии Озодӣ.
Акс аз бойгонии Озодӣ.

Мақомоти Кӯлоб тасмим гирифтаанд, чанорҳои шаҳрро бо гулу буттаҳо иваз кунанд. Аммо кормандони муҳити зист аз паёмадҳои манфии ин ташаббус ҳушдор медиҳанд.

Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷойи чанорҳои кӯҳанро оҳиста-оҳиста ниҳолҳои ороишӣ ва гулу буттаҳо мегиранд. Масъулони шаҳрдорӣ мегӯянд, ин иқдом дар чорчӯби пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ ё СНГ) эълон шудани шаҳри Кӯлоб гирифта шудааст.

Дар нишасти сарони ИДМ дар моҳи октябри соли 2014 дар Минск, шаҳрҳои Кӯлоби Тоҷикистон ва Воронежи Русия – “пойтахтҳои фарҳангӣ”-и ИДМ ё СНГ барои соли 2015 эълон шуданд.

Аммо иқдоми шаҳрдории Кӯлоб барои буридани чанорҳо ва дигар дарахтони кӯҳан мояи нигаронии кормандони ҳифзи муҳити зист дар ин шаҳр шудааст. Ҳасан Амиров -- сардори бахши ҳифзи муҳити зист дар Кӯлоб рӯзи 9 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, мавзӯи ҳифзи чанорҳо ва дарахтони паҳнбаргро бо раиси вақти шаҳри Кӯлоб матраҳ карда, аммо ҷавоби рад гирифтааст.

Ҷаноби Амиров афзуд: “Ман як соат бо собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонзода сӯҳбат карда, гуфтам, ки дар дигар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон мисли шаҳри Кӯлоб буридани дарахтон дида намешавад. Зеро Кӯлоб дар тобистон аз ҳад зиёд гарм мешавад, бояд

Ҳасан Амиров
Ҳасан Амиров

дарахтони паҳнбаргро зиёд шинонд. Аслан шинондани дарахтони ороишӣ дар боғу гулгаштҳо бояд сурат гирад. Аммо ӯ дар ҷавоб гуфт, мо мехоҳем шаҳрро дар дигар шакл ороиш диҳем.”

Ба гуфтаи ҷаноби Амиров, ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла макони шаҳри Кӯлоб гарм буда, бояд буридани чинорҳо дар замоне сурат мегирифт, ки пеш аз он дар ҷои онҳо дигар дарахтони сояафкан, мисли беду арча шинонида мешуд.

Аммо собиқ шаҳрдори Кӯлоб - Абдуғаффор Раҳмонзода, дар нишасти хабариаш рӯзи 16 январи соли ҷорӣ низ гуфта буд, “то замоне дар маснади шаҳрдорӣ аст, даст аз буридани “чанорҳо”-и Кӯлоб намекашад.”

Чанорҳои Кӯлобро мебуранд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Ба иддаои шаҳрдори пешин, “мавҷуд будани чанорҳо ба зебогии шаҳри Кӯлоб халал мерасонад.”

“Ман рӯирост мегӯям, агар шаҳр симои шаҳрдорӣ дошта бошад, бояд сафедору ар-арро бурид. Порсол сафедору ар-ару чанор дар як шамол 6-тояш чаппа шуд, хушбахтона, одаму мошин набуд, вагарна ягон нафарро зарар медод. Тобистон вақте мехоҳӣ ба поёни он гузар кунӣ, аз дасти кирму дигар ҳашарот рафта намешавад. Анқариб ҳамаи ин дарахтонро кирм зер кардааст. Ва мо низ буридани дарахтонро идома хоҳем дод,” - афзуд ӯ.

Назари шаҳрдори ҷадид ба буридани дарахтони соядор ҳанӯз маълум нест, вале ҳоло ҳам “чанорбурӣ” дар шаҳри Кӯлоб идома дорад. Ҳарчанд ду сол қабл барои «чанорҳо»-и кӯҳани Кӯлоб, ки таърихи ин шаҳр дониста мешаванд, тавассути Идораи ҳифзи муҳити зисти минтақа шиноснома таҳия карда ва ба ин чанорҳо насб карда буданд.

Баҳром Исматуллоев
Баҳром Исматуллоев

Баҳром Исматуллоев, сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, яке аз он чанорҳои шиносномадошта дар манзили вай ҷойгир шудааст. Ба қавли Исматуллоев, ин чанор таърихи 200-сола дорад ва ин аст, ки Идораи ҳифзи муҳити зист барои он шиноснома додааст.

Ӯ мегӯяд, “қариб ҳамаи чанорҳо дар Кӯлоб бурида шуданд, вале инро набуриданд. Худам низ ҳайронам. Шояд ба хотири он ки дар даруни хона аст, набуриданд. Ҳоло шиносномаи дарахт аз расидани офтоб зарар дида ва мақсад дорам, рафта аз нав шиносномаашро барқарор кунам. Таърихи ин дарахт, тибқи ривоятҳо, ба 200 сол мерасад.”

Сокинон мегӯянд, бо буридани чанорҳо ва дигар дарахтони паҳнбарг Кӯлоб ба чӯлистон мубаддал мешавад ва дар гармои тобистон барои сокинону меҳмонон душворӣ меорад. Вале масъулони шаҳрдории Кӯлоб буридани дарахтони сояафкан ва бузургҳаҷм, назири чанорро ба безарар гардонидани лӯлаҳои обгузару дигар хадамоти коммуналӣ низ рабт медиҳанд.

Зимнан, дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб беш аз 500 дарахти чанор мавҷуд будааст, ки аз 50 то 300 сол доштаанд. Миёни ин чанорҳо як дарахти 500-сола низ будааст. 2 сол қабл 100 чанор дар ин минтақа қадимӣ эътироф шуда, ба ҳар кадомаш шиносномаи махсус таҳия карданд.

Ҳамакнун гуфта мешавад, аксари чанорҳо аз маркази шаҳри Кӯлоб бурида шуда ва танҳо қисми каме аз чанорҳои таърихӣ дар атрофи шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб боқӣ мемонанд. Аммо ҳамзамон, тибқи итиллои масъулони шаҳрдории Кӯлоб, дар соли 2014 ва авоили 2015 дар ҷойи чанорҳои буридашуда дар кӯчаву хиёбонҳои ин шаҳр бо ҳадафи "зебо гардондани пойтахти фарҳангии ИДМ" 2 500 сар ниҳоли ороишӣ ва беш аз сад ҳазор гулу буттаҳои мавсимӣ шинонда шудааст.

Кӯлоб бо беш аз 150 ҳазор ҷамъият баъди Душанбеву Хуҷанд сеюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон маҳсуб мешавад. То соли 1992 шаҳри Кӯлоб маркази маъмурии вилояти Кӯлоб буд. Вале дар поёни соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, порлумони вақти Тоҷикистон вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаро дигарбора дар вилояти Хатлон муттаҳид карданд ва ба ҳайси марказаш ин бор шаҳри Қӯрғонтеппа интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG