Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аробакашҳоро дар Кӯлоб андоз мебанданд


Мақомоти андози минтақаи Кӯлоб ба хотири рӯёндани андоз мехоҳанд ба тамоми аробаҳо дар бозорҳои минтақа рақамҳои махсус диҳанд.

Раёсати бахши андоз дар минтақаи Кӯлоб, хостори он шудааст, ки аробакашҳо аз фаъолияти кориашон молиёт супоранд. Дар ин росто ба борбарҳои бозори марказӣ дастур шудааст, то ба аробаҳояшон рақам насб кунанд, то фарқи аробакашӣ “андозсупор” аз аробакашони “тақаллубӣ” ошкор шавад.

Мутахассисони Раёсати андози минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ин амал ба нафъи аробакашҳо анҷом мешавад, то онҳо дар пирӣ аз ҳаққи бознишастагӣ маҳрум нашаванд. Ин дар ҳолест, ки ду соле қабл бозори «Корвон»-и Душанбе низ ин шеваи корро раҳандозӣ кард ва аробакашҳоро ба андозсупорӣ маҷбур намуд.

Абдусаттор Асроров, сардори шӯъбаи патендиҳии андози минтақаи Кӯлоб рӯзи чоршанбеи ба Радиои Озодӣ гуфт, аробакашон бояд патент бигиранд ва молиёт супоранд. Аммо ӯ мегӯяд, аробакашҳо аз ин пешниҳод ҳатто бо ваъдаи ҳаққи бознишастагӣ дар пирӣ хушнуд нашуданд: “Аробакашҳо бояд аз қайди назорати андоз гузаранд. Вақте аз қайд гузаштанд, ба аробаи онҳо рақам насб мекунем. Ҳатто ба кадом ҷамъияти аробакаш марбут будани онҳо дарҷ мегардад.

Абдусаттор Асроров
Абдусаттор Асроров

Аммо мутаассифона ин ҳолат, то кунун пурра ба дасти мо наомада истодааст. Вақте мо рейд гузаронидем ин корро ба аробакашон фаҳмондем, онҳо мегӯянд, мо то нафақа зинда мемонем ё не.”

Ҷаҳонгир Шомирзоев, як аробакашӣ 30-солаи бозори «Савховат»-и шаҳри Кӯлоб, ки гурӯҳи 10 нафараи аробакашҳои ҷавонро роҳбарӣ мекунад, мегӯяд, маблағе, ки онҳо дар як рӯз дарёфт мекунанд, ҳатто барои зиндагӣ кифоят намекунад, чӣ бирасад ба молиёти давлатӣ. Ӯ мегӯяд, дар гурӯҳи ӯ аксар ҷавононанд, вале дар як рӯз аз 30 то 50 сомонӣ кор мекунанд ва ин ба андозу патент басанда нест: «Мо дар як рӯз аз 30 то 50 сомонӣ кор мекунем, аз куҷо андозу патент мегирем. Ҳатто дар бозор ҷо надорем. Дар пеши як дӯкон аробаро мемонӣ, соҳибаш туро меронад. Боз дар пеши дӯкони дигар мемонӣ, он ҳам меронад, баъд аз куҷо дилат ҷӯш мезанад андоз супориву патент бигирӣ.»

Аммо Ҷамшед Идиев, як аробакаши 26-и бозори «Саховат»-и Кӯлоб, ки падараш низ аробакаш буд, аз таҷрибаи хонаводаи худ мегӯяд, ки сахт ҳам бошад, бояд аробакашҳо андоз супоранд. Ӯ гуфт, агар ин кор дар Кӯлоб ҷорӣ шавад, аввалин шуда худаш андоз месупорад: «Падари ман низ аробакаш буд, вақте ба нафақа мебаромад, ба чӣ мушкилиҳо дучор нашуд. Чун андоз насупурда буд. Агар чунин кор шавад ва андоз талаб кунанд, аввал ман худам андоз месупорам.»

Дар Кӯлоб як бозори марказӣ ва 3 бозори хусусӣ фаъолият мекунад ва то кунун барои аробакашҳо ягон мавзеи ҷудогона сохта нашудааст. Аробакашон, ки аз маводи ғизои гирифта то масолеҳи сохтмониро ба хонаҳои мардум мекашонанд, аз рӯи шеваи “пеш омад, хуш омад” кор мекунанд ва ҷойе, ки рост омад аробаи худро мегузоранд.

Ду аробакаш дар бозори "Саховат"-и Кӯлоб.
Ду аробакаш дар бозори "Саховат"-и Кӯлоб.

Коршиносони масоили иҷтимоӣ дар минтақаи Кӯлоб, сабаби афзоиши аробакашҳоро аз набудани ҷойҳои кории муносиб медонанд. Бурҳон Сафарӣ, як коршиноси масоили иҷтимоӣ, ки чанд муддат ба тиҷорат машғул буд, мегӯяд, аробакашон нафароне ҳастанд, ки саводу дониш надоранд. Ба гуфтаи ҷаноби Сафарӣ, онҳо ба ҷуз аробакашӣ дигар аз дасташон коре намеояд, то рафта фаъолият кунанд: “Ба пиндошти ман, даст задани ҷавон ба аробакашӣ ин набуди савод аст. Зеро дар аробакашӣ савод даркор нест, танҳо қувва лозим асту сабру тоқат. Ҳоло ба мушоҳида мерасад, ҷавононе, ки даст ба аробакашӣ мезананд ҳамон нафароне ҳастанд, ки мутаваллиди солҳои ҷанг буда, аз дониш дур мондаанд.”

Бозори “Саховат”-и Кӯлоб, ҳудудан 100 аробакашро сабт карда онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардааст. Яке гурӯҳи калонсолон, дигаре гурӯҳи ҷавонон. Гуруӯҳи ҷавнон бештар дар кашонидани борҳои сангинтар истифода мешавад. Ҷавон дар ин минтақаи начандон рушд кардаи Тоҷикистон ба бекории шадид рӯ ба рӯ буда, ягона илоҷи корро ё дар муҳоҷират ба Русия ва ё дар боркашонӣ дар бозорҳои маҳаллӣ пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG